Май 27, 2021 10:41 Asia/Dushanbe
  • Салоҳияти 7 нафар барои рақобат дар интихоботи раёсати Ҷумҳурии Эрон таъйид шудааст
    Салоҳияти 7 нафар барои рақобат дар интихоботи раёсати Ҷумҳурии Эрон таъйид шудааст

Маросими қуръакашии барномаҳои қонунии таблиғоти номзадҳои сездаҳумин давраи интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 1400 Эрон дар Созмони садо ва симои Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор шуд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Эрон пресс, ҳафт  номзади сездаҳумин  давраи интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон шаби чаҳоршанбе дар маросими қуръакашӣ ба таври одилона аз ҳақи таблиғот ва ироаи барномаҳои худ дар шабакаҳои радиоӣ ва телевизиюнии садо ва симои Ҷумҳурии Исломии Эрон бар асоси ҷадвали пахши барномаҳо огоҳ шуданд. 

Дар ин маросими қуръакашӣ, Сайид Амирҳусейни Қозизодаи Ҳошимӣ, Муҳсини Ризоӣ, Алиризои Зоконӣ, Сайид Иброҳими Раисӣ,  Муҳсини Меҳрализода, Абдунносир Ҳимматӣ, Саид Ҷалилӣ ба тартиб  рӯз ва соати худро барои ширкат дар барномаҳои радиоӣ ва телевизиюнӣ шинохтанд. 

Намояндаи номзадҳои интихоботи раёсати ҷумҳурии исломӣ 1400, раис ва аъзои ситоди интихоботи вазорати кишвар ва раиси созмони садо ва симои  Ҷумҳурии Исломии Эрон дар маросими қуръакашӣ ҳузур доштанд. 

Абдулалӣ Алии Аскарӣ раиси Созмони садо ва симоии Ҷумҳурии исломии Эрон дар ин маросим гуфт: Садо ва симо дар интихобот бетараф аст ва имконоти ин созмон ба таври мусовӣ дар ихтиёри номзадҳо аст.

 

Бештар бихонед:

Барчасп