Мутолеоти ваксинаи коронаии "Эрон - Куба" дар марҳалаи ниҳоӣ
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i67932-Мутолеоти_ваксинаи_коронаии_Эрон_Куба_дар_марҳалаи_ниҳоӣ
Раиси Институти Пастери Эрон эълом кард, ваксинаи коронаи муштараки Эрон - Кубо дар марҳалаи ниҳоӣ ё фази сеи мутолеаи болинӣ қарор дорад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Май 30, 2021 13:49 Asia/Dushanbe
  • Мутолеоти ваксинаи коронаии

Раиси Институти Пастери Эрон эълом кард, ваксинаи коронаи муштараки Эрон - Кубо дар марҳалаи ниҳоӣ ё фази сеи мутолеаи болинӣ қарор дорад.

Алиризо Беглари гуфт: Тазриқи аввалияи ваксинаи муштараки Институти Пастери Эрон ва Институти Финлои Куба дар марҳалаи ниҳоӣ ё фази се қарор дорад.

Раиси Институти Пастери Эрон афзуд: Тарзиқи ин ваксина барои 24 ҳазор нафар аз мардуми Эрон дар ҳафт устон ва ҳашт шаҳр оғоз шудааст.

Беглари хотирнишон кард: Ҳамаи ваксинаҳо вақте мавриди мутолеа қарор мегиранд, аз ибтидо кумитаҳои мустақиле вуҷуд доранд, ки аворизи онҳоро сабт ва пайгирӣ мекунанд, аммо дар ҷамъбандӣ ки барои 24 ҳазор тазриқи аввалияи ин ваксина доштаем, нигаронии хосе бобати аворизи ваксина вуҷуд надошт.

Ваксинаи коронаии маҳсули муштараки Эрон ва Куба, фази як ва дуи мутолеаи болиниро дар Куба бомуваффақият тай кардаву фази сеюми мутолеаи болинии он ҳамзамон бо Куба дар Эрон низ анҷом мешавад. Фази сеюми мутолеаи болинии ваксинаи коронаии муштарак бо 24 ҳазор довталаб дар Эрон ва 44 ҳазор довталаб дар Куба дар ҳоли анҷом аст ва бар асоси эъломи масъулони Институти Пастери Эрон ин марҳала аз мутолеаи болинии ин ваксина то авохири хурдоди имсол 1400 ба поён мерасад.

Бо таъйиди Созмони ғизо ва доруи Эрон, имкони тавлиди анбӯҳи ваксинаи коронаии Эрон ва Куба, бо тавваҷуҳ ба зерсохтҳои Институти Пастери Эрон, дар дохили кишвар вуҷуд дорад.

Бештар бихонед: