Июн 02, 2021 12:34 Asia/Dushanbe
  • Нахустин тамрини тими миллии футболи Эрон дар Манома

Нахустин тамрини миллипӯшони футболи Эрон барои ҳузур дар рақобатҳои муқаддамотии Ҷоми ҷаҳонии 2022-и Қатар баргузор шуд.

Ба гузориши хабаргузории Эронпресс, ин тамрин пас аз манфӣ шудани посухи тести коронаии миллипӯшони футболи Эрон, рӯзи сешанбе дар Манома. пойтахти Баҳрайн баргузор шуд.

Нахустин бозии тими миллии футболи Эрон дар чорчӯби рақобатҳои муқаддамотии Ҷоми ҷаҳонии 2022-и Қатар, рӯзи панҷшанбе муқобили Гонконг баргузор мешавад.

Ин бозӣ соати 19 ба вақти Теҳрон дар варзишгоҳи "Шайх Алӣ бин Муҳаммад"-и Баҳрайн баргузор хоҳад шуд.

Драган Скочич ҳидояти тими миллии футболи Эронро бар ӯҳда дорад.

Тими миллии футболи Эрон барои рафтан ба марҳалаи баъдии рақобатҳои муқаддамотии Ҷоми ҷаҳонии 2022 –и Қатар, ба пирӯзии муқобили тимҳои Гонконг, Камбоҷа, Баҳрайн ва Ироқ ниёз дорад.

 

Барчасп