Эъломи барномаҳои тадорукдидашуда ба муносибати фаро расидани солрӯзи иртиҳоли Имом Хумайнӣ (раҳ)
(last modified Wed, 02 Jun 2021 11:23:21 GMT )
Июн 02, 2021 16:23 Asia/Dushanbe
  • Эъломи барномаҳои тадорукдидашуда ба муносибати фаро расидани солрӯзи иртиҳоли Имом Хумайнӣ (раҳ)

273 барнома дар намояндагиҳои фарҳангии Эрон ба муносибати фаро расидани солрӯзи иртиҳоли Имом Хумайнӣ (раҳ) баргузор мешавад.

“Эрон Пресс”, раиси Созмони фарҳангу иртибототи исломӣ гуфт: Ин созмон ба унвони сарпарасти барномаҳои байналмилалии бузургдошти Раҳбари фақиди инқилоб, ҳамзамон бо 14 хурдод барномаҳои мухталиферо дар 80 намояндагии фарҳангии хориҷ аз кишвар баргузор мекунад.

Абӯзари Иброҳимии Туркамон бо ишора ба аҳамияти зинда нигаҳ доштани ёду хотираи Имом Хумайнӣ (раҳ) гуфт: Созмони фарҳангу иртибототи исломӣ бо баҳрагирӣ аз абзорҳои навини расонаӣ ва зарфиятҳои мавҷуд дар фазои маҷозӣ, ба табйини абъоди шахсиятии Имом Хумайнӣ (раҳ), сираи амалӣ ва назарии эшон ва гуфтумони инқилоби исломӣ мепардозад.

Раиси Созмони фарҳангу иртибототи исломӣ ҳамчунин гуфт: Дар ройзаниҳои фарҳангии Эрон, аз зарфияти фазои маҷозӣ барои барпоии маросиму тарвиҷи осору андешаҳои Имом Хумайнӣ (раҳ) истифода хоҳанд кард.

Иброҳимии Туркамон афзуд: Нашри паёмҳои Имом Хумайнӣ (раҳ) бо истифода аз абзорҳое монанди мошин-графика, постер ва инфографика ба 14 забон дар фазои маҷозӣ бо мавзӯоти сираи Имом Хумайнӣ (раҳ), истикборситезӣ ва инқилоби исломӣ ҷузви фаъолияти намояндагиҳои фарҳангӣ дар хориҷ аз кишвар тайи ин айём аст.

 

Бештар бихонед: