Тақвияти ҳамкориҳои амниятӣ; меҳвари музокироти генерал Раҳимзода дар Теҳрон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i68102
Сафари Рамазон Раҳимзода-вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон ба Теҳрон ва гуфтугӯҳои вай бо мақомҳои Ҷумҳӯрии исломии Эрон бори дигари аҳамияту зарурати тақвияти ҳамкории ду кишвар дар ҳавзаҳои амниятиро барҷаста кардааст .
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июн 02, 2021 17:12 Asia/Dushanbe
  • Генерал Рамазон Раҳимзода рӯзи 31 май барои дидор ва гуфтугу бо мақомҳои Ҷумҳӯрии исломии Эрон вориди Теҳрон шуд
    Генерал Рамазон Раҳимзода рӯзи 31 май барои дидор ва гуфтугу бо мақомҳои Ҷумҳӯрии исломии Эрон вориди Теҳрон шуд

Сафари Рамазон Раҳимзода-вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон ба Теҳрон ва гуфтугӯҳои вай бо мақомҳои Ҷумҳӯрии исломии Эрон бори дигари аҳамияту зарурати тақвияти ҳамкории ду кишвар дар ҳавзаҳои амниятиро барҷаста кардааст .

Равобити Эрону Тоҷикистон дар солҳои ахир дар ҳавзаҳои мухталифе аз ҷумлаи иқтисодӣ, транзитӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва байналмиллалӣ густариш ёфтааст, ки ҳузури пурранги Тоҷикистон дар бандари стратегии Чобаҳори Эрон ва имтиёзоти иқтисодии Эрон барои Тоҷикистон, охирин намунаи ин равобит маҳсуб мешавад .

  Бо ин ҳол бояд гуфт дар як соли ахир ин равобит вориди арсаи муҳими ҳамкориҳо дар ҳавзаҳои амниятӣ низ шудааст, ки нишондиҳандаи эътимоди мутақобил ва низ афзоиши таъомулоти Эрон ва Тоҷикистон аст . Ин равобит дар чорчуби тавофуқоти қаблии байни ду кишвари шакл гирифтааст . Дар сафари расмии Абдурризо Раҳмонии Фазлӣ-вазири кишвар(дохила)и Ҷумҳӯрии исломии Эрон ба Тоҷикистон дар марти имсол тавофуқоти муҳимме дар ҳавзаҳои амниятӣ ва сиёсӣ, назири табодули зиндониён, муборизаи муштарак бо тероризму муқобилаи муштарак бо қочоқи маводи мухаддир сурат гирифт . Акнун дар чорчуби ин тавофуқот вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон дар Теҳрон даври тозае аз гуфтугӯҳоро баргузор кардааст.

Абдурризо Раҳмонии Фазлӣ-вазири кишвари Эрон рӯзи сешанбе дар ҳошияи нишасти муштарак бо генерал Рамазон Раҳимзода-вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон бо ишора ба зарфияти ҳамкориҳои амниятии ду кишвар гуфт : « Тафоҳумномаи амниятии хубе миёни ду кишвар ба имзо расида ва дар ин росто барои ҳамкорӣ дар бахши полиси Эрону Тоҷикистон дар ҳавзаҳои мубориза бо маводи мухаддир, ҷурмҳои созмонёфта, омӯзиш, табодули устоду донишҷӯӣ кор хоҳем кард .»

  Вазири кишвари Тоҷикистон ҳам гуфт : « Ба дунболи баррасии тамоми роҳҳоу гузинаҳои мавҷуд дар густариши равобити иқтисодӣ ва фарҳангии ду кишвари Эрон ва Тоҷикистон ҳастем ва умед дорем, ки бо меҳвар қарор додани фарҳанги муштараки ду кишвар ба хусус  забони форсӣ, дӯстии ду кишвар тақвият ва таҳким шавад . »

Ду кишвари Эрону Тоҷикистон муштаракоти торихӣ, фарҳангӣ, динӣ ва ба вижа тамаддунӣ ва забонии вижае бо ҳам доранд, аз ин ру заминаҳои бисёри хубе барои густариши ҳамкориҳо дар ҳамаи ҳавзаҳо ба хусӯс дар ҳавзаҳои амниятӣ ва дифоии миёни ду кишвар вуҷуд дорад .

Теҳрони рӯзҳои оғозини соли 1400 хуршедӣ низ мизбони генерал Шералӣ Мирзо-вазири дифои Тоҷикистон буд .

Вазири дифои Тоҷикистон дар сафараш ба Теҳрон бо ишора ба музокироташ бо амир, сартип Амири Ҳотамӣ-вазири дифо ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳи Эрон гуфта буд : « Мо афзоиши амнияту муқобила бо гурӯҳҳои террористӣ дар минтақаро дар гарави густариши ҳамкории минтақаӣ медонем, ҳамчунин муътақидем ҳамкории миёни ду кишвар метавонад ба амнияти онҳо кумак кунад . »

Эрону Тоҷикистон то кунун бо имзои беш аз 160 санади ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла ёддошти тафоҳум дар заминаи усӯлу чорчӯби ҳамкории дуҷониба дар ҳавзаи амниятӣ заминаи муносиберо барои тавсеъа ва тақвияти ҳамкориҳо фароҳам кардаанд . Ин тавофуқот заминаи ҳуқуқии муносиботи ду тарафро ташкил медиҳад.

Мувофиқатномаи ҳамкориҳои амниятӣ ва интизомӣ, табодули иттилоот ва таҷрибиёт дар мубориза бо ҷурмҳои созмон ёфта  ва мубориза бо тероризму ифротигарӣ аз заминаҳое ҳастанд, ки мушорикат дар онҳо сабаби тақвияти амнияти минтақаӣ хоҳад шуд . Дар чорчуби ин мувофиқатномаҳо Ҷумҳӯрии исломии Эрон омодагӣ дорад таҷрибаҳои худро дар ихтиёри кишварҳои минтақа қарор диҳад ва аз таҷрибаи онҳо баҳраманд шавад .

 

  Бештар бихонед :