Феврал 13, 2024 10:39 Asia/Dushanbe
  • Партоби моҳвораҳои хориҷӣ аз истгоҳҳои эронӣ то 2 соли оянда

Вазири иртиботот ва фановарии иттилооти Эрон эълом кард, то 2 соли оянда моҳвораҳои кишварҳои мухталиф тавассути моҳворабарҳои эронӣ дар мадор қарор хоҳанд гирифт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Исо Зореъпур-вазири иртиботот ва фановарии иттилооти Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи душанбе бо ишора ба инки давлати Эрон дар талош аст, саноъати фазоии Эронро ба нуқтае бирасонад, ки бо итминони хотир моҳвораи бақияи кишварҳоро аз истгоҳҳои партоби эронӣ ба фазо бифиристад, гуфт: Бар асоси ҳадафгузории анҷомшуда то 2 соли оянда моҳвораи кишварҳои дигар тавассути моҳворабарҳои эронӣ ва аз пойгоҳи партоби эронӣ дар мадор қарор хоҳанд гирифт.

 Зореъпур ба зарфиятҳои болои Эрон дар саноъати фазоӣ ишора кард ва афзуд, Эрон дар ҳавзаи сохти моҳвораҳои тасвирбардорӣ ва санҷишӣ худкифо ва дар ҳоли кор бар рӯйи афзоиши диққати моҳвораҳо аст.

 Вазири иртиботот ва фановарии иттилооти Ҷумҳурии Исломии Эрон бо баён ин, ки партобгарҳои эронӣ имкони партоби моҳвораҳои 100 то 200 килоиро доро ҳастанд ва истгоҳи партоби моҳвора ва истгоҳҳои заминии дарёфти сигналҳои моҳвораро низ доро ҳастем, таъкид кард:Ҳамаи инҳо нишон медиҳад, ки корбурдҳои санъати фазоӣ дар Эрон бумӣ шудааст, чаро ки дар ҳоли истифода аз чархаи комили саноъат ва фановарии фазоӣ барои беҳбуди сатҳи зиндагии мардуми Эрон дар бахшҳои гуногун ҳастем.

 Зореъпур бо таъкид бар инки саноъати фазоии Эрон ба раванди пешрафти пуршитоби худ бозгашта, гуфт: Дар тӯли беш аз 2 соли гузашта дар ҳавзаи фазоӣ шоҳиди таҳаввулоти бузурге будем, ба гунае, ки дар ин 2 сол ба андозаи 10 сол пеш аз он рӯйдоди фазоӣ ва партоб доштем.

 Вазири иртиботот ва фановарии иттилооти ҷумҳурии Исломии Эрон дар поён хотирнишон кард, Эрон моҳвораҳои гуногуне дар дасти партоб дорад ва бо итминони хотир моҳвораҳои сохти Ҷумҳурии Исломии Эронро яке пас аз дигаре дар мадор қарор хоҳем дод.

 

 

Барчасп