Афзоиши беш аз 10 ҳазор шуъбаи раъйгирӣ дар интихоботи 1400-и Эрон
Дабири ситоди интихоботи кишвар аз афзоиши шуъбаҳои раъйгирӣ дар интихоботи 1400-и Эрон бо ҳадафи риояти дастуруламалҳои беҳдоштӣ хабар дод .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Эронпресс, Сайидисмоили Мусавӣ-дабири ситоди интихоботи Вазорати кишвар(дохила)и Эрон дар бораи барномаҳои вазорати кишвари Эрон барои эҷоди шури интихоботӣ гуфт : Дар муқоиса бо давраи гузашта беш аз 10 ҳазор шуъбаро афзоиш додем, то мардум бидуни нигаронии вобаста аз корона пои сандуқҳои раъй ҳозир шаванд .
Сездаҳумини давраи интихоботи раёсати ҷумҳӯрии Эрон 18 июни 2021 ( 28 хурдоди 1400 шамсӣ ) баргузор мешавад .
Бештар бихонед :
-
Раҳбари Инқилоб : Интихобот фурсат аст / набояд мардумро аз интихобот дилсард кард
-
Мамнуияти гирифтани асари ангушт дар рӯзи раъйгирии интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон