Июн 05, 2021 17:12 Asia/Dushanbe
  • Нахустин мунозираи интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон; имрӯз

Нахустин мунозираи сездаҳумин давраи интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон имрӯз (шанбе) соати 17 ба вақти Теҳрон баргузор мешавад.

Номзадҳои сездаҳумин давраи интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар ин мунозираи 3 соата, дар бораи мавзуоти иқтисодӣ ба баҳсу гуфтугӯ хоҳанд пардохт.

Дувумин ва сеюмин мунозираи сездаҳумин давраи интихоботи раёсатҷумҳурӣ низ сешанбе 7 ва шанбе 12 июн баргузор мешавад.

Барномаҳои мунозира ба сӯрати зинда аз шабакаи “Як Симо”, шабакаи “Хабар” ва “Радиои Эрон” пахш мешавад.

Муддатзамони мунозираҳои интихоботӣ ҳар кадом се соат хоҳад буд.

Сездаҳумин давраи интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон 18 июни 2021 баргузор мешавад.

Бештар бихонед:

 

Барчасп