Июн 05, 2021 17:47 Asia/Dushanbe
  • Таслияти фарорасидани солрӯзи шаҳодати имом Ҷаъфари Содиқ (а)

Якшанбе 6 июни 2022 мусодиф бо 25 шаволи 1442 солрӯзи шаҳодати имом Ҷаъфари Содиқ (а) аст.

Дар шабу рӯзи солгарди  шаҳодати имом Ҷаъфари Содиқ (а) мардуми Эрон бо ҳузур дар маконҳои мазҳабӣ, дар суги он азодорӣ мекунанд.

Ҳарами муттаҳари ҳазрати имом Ризо (а) дар шаҳри Машҳад, дар солрӯзи шаҳодати имом Ҷаъфари Содиқ (а) сиёҳпуш ва лабрез аз зоирон мешавад ва онон иродати худро ба аҳлубайти исмат ва таҳорат (а) иброз мекунанд.

Имом Ҷаъфари Содиқ (а) дар тули умри пурбори худ ҳамвора бо барпо кардани дарсҳои маҳзабӣ, барои пурсишу посухи масъалаҳои исломӣ ва мазҳабӣ посух медод.

Таъсири ин иқдом то ба онҷо буд, ки нафароне чун  Шофеъӣ(раҳ), Молик(раҳ) ва Абуҳанифа(раҳ) аз бузургони дин аз маҳзари имом Ҷаъфари Содиқ (а) касби илм карданд.

Бахши тоҷикии радиои “Садои Хуросон” фаро расидани солрӯзи шаҳодати имом Ҷаъфари Содиқ (а)-ро ба ҳамаи мухотабони гиромӣ таслият мегӯяд. 

 

 

Барчасп