Июн 07, 2021 14:54 Asia/Dushanbe
  • Солировиро, ҷадидтарин дастоварди мутахассисони эронӣ барои муқобила бо корона

Бо талоши мутахассисони як ширкати донишбунёни эронӣ, доруи чаҳорваҷҳии “Солировиро” бо касби муҷаввиз аз созмони ғизо ва доруи кишвар рӯнамоӣ шуд.

Ситоди зисти фанноварии муовинати илмӣ ва фанноварии раёсатҷумҳури Эрон бо таърифи тарҳи сохти доруи истиншоқӣ ва пешгиранда аз корона ва коҳиши аворизи корона бо ҳамкории ширкати донишбунёни мустақар дар парки фанноварии Пардис, доруи Солировиро дар мадори таҳқиқу тавлид қарор дод.

Ин доруи чаҳорваҷҳии муташаккил аз спрейи бинӣ ва даҳон бо ҳадафи аз байн бурдани вирусҳои мустақар дар ин навоҳӣ, қурси коҳиши авориз ва зидди вирус барои аз байн бурдани вирусҳои хунӣ ва қатраи бухур барои коҳиши аворизи риявӣ аст.

Ин дору озмоишҳои болиниро дар Донишгоҳи улуми пизишкии шаҳид биҳиштӣ ва бемористони имом Хумайнӣ пушти сар гузошта ва аз созмони ғизо ва дору муҷаввиз дарёфт кардааст.

Ин дору комилан гиёҳӣ ва бумии Эрон аст ва аворизи ҷонибӣ надорад.

Бештар бихонед:

 

Барчасп