Паёми таслияти Раҳбари муаззами инқилоб дар пайи даргузашти ҳуҷҷатулислом Муҳташамӣ
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i68340-Паёми_таслияти_Раҳбари_муаззами_инқилоб_дар_пайи_даргузашти_ҳуҷҷатулислом_Муҳташамӣ
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар паёме даргузашти рӯҳонии муҷоҳид ҳуҷҷатулислом Сайид Алиакбари Муҳташамипурро таслият гуфтанд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июн 07, 2021 16:18 Asia/Dushanbe
  • Паёми таслияти Раҳбари муаззами инқилоб дар пайи даргузашти ҳуҷҷатулислом Муҳташамӣ

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар паёме даргузашти рӯҳонии муҷоҳид ҳуҷҷатулислом Сайид Алиакбари Муҳташамипурро таслият гуфтанд.

Дар паёми ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ омадааст: Фаъолиятҳои муборизотии он марҳум, ки ба хадамоти инқилобии эшон дар даврони ҷумҳурии исломӣ ва масъулиятҳои муҳим ва онгоҳ ба ҷонбозӣ бар асари иқдоми террористии душманон мунтаҳӣ шуд, собиқаи арзишманд ва ифтихоромезе аст, ки машмули тафаззулоти илоҳӣ ва захираи ухравӣ барои эшон хоҳад буд, иншоаллоҳ.

Раҳбари муаззами инқилоб аз Худованди мутаол раҳмату мағфират барои он марҳум ва сабру шикебоӣ барои бозмондагони муҳтарам масъалат карданд.

Ҳуҷҷатулислом валмуслимин Сайид Алиакбари Муҳташамипур, сафири пешини Эрон дар Сурия ва вазири кишвари пешини Эрон, субҳи имрӯз дар 75 солагӣ дар бемористон даргузашт.