Июн 08, 2021 17:35 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: барномаи ҳӯшмандсозии иқтисодӣ як зарурати муҳитӣ аст

Раиси Ҷумҳeрии Исломии Эрон таъкид кард, барномаи ҳӯшмандсозии иқтисодӣ як зарурати муҳит(эколог)-ӣ аст .

Ҳасани Рӯҳонӣ, раисиҷумҳури Эрони имрӯз сешанбе дар 201-умин ҷаласаи Ситоди ҳамоҳангии иқтисодии давлат, гуфт, имрӯза барномаи ҳӯшмандсозии иқтисодӣ, як илзоми муҳитӣ аст ва бояд нисбат ба илзомоти ҳуқуқӣ ва фаннии ин мавзӯ бо диққат ва ҳассосият амал кард.

Рӯҳонӣ афзуд, барои тадвини роҳбурди пӯё дар ин ҳавза ва нақши он дар иқтисоди калони кишвар бояд, иқдомоти лозим анҷом шавад.

Рӯҳонӣ бо таъкид бар инки огоҳии мардум дар ин ҳавза зарурӣ аст ва бо тавваҷуҳ ба хатароти қобили тавваҷуҳ дар ҳавзаи мубодилоти рамзарзҳо(биткойн), аз вурӯди ғайри коршиносона дар ин ҳавза бояд иҷтиноб шавад, тасреҳ кард, бояд барои қонунманд шудани фаъолияти арзҳо ва нагаҳдорӣ  аз сармояи мардум дар ин ҳавза ҳарчӣ зудтар чораандешид ва қавонин ва дастӯруламалҳои лозимро вазъ ва иблоғ кард.

Раисиҷумҳури Эрон таъкид кард, афзоиши қиммати колоҳо бавижа ақломи зарурии мардум ба ҳеч ваҷҳ пазируфтанӣ нест ва Вазорати санъат, маъдан ва тиҷорат (СМТ) муваззаф аст бо ҷиддият ба кантроли қимматҳо ва мамониат аз афзоиши онҳо иқдом кунад.

 

 

Барчасп