Дувумин мунозираи 7 номзади интихоботи раёсати ҷумҳӯрӣ; рақобати ҳамроҳ бо ҳаяҷонҳои таблиғотӣ
(last modified Wed, 09 Jun 2021 11:49:58 GMT )
Июн 09, 2021 16:49 Asia/Dushanbe
  • Барҷом, бекорӣ, таваррум, маскан, мушкилоти беҳдошт ва дармону мизони рушди ҷамъият аз ҷумлаи баҳсҳои матраҳшуда дар ин мунозира  буд
    Барҷом, бекорӣ, таваррум, маскан, мушкилоти беҳдошт ва дармону мизони рушди ҷамъият аз ҷумлаи баҳсҳои матраҳшуда дар ин мунозира буд

Дувумин мунозираи телевизиюнии сездаҳумини давраи интихоботи раёсати ҷумҳӯрии Эрон асри рӯзи сешанбе баргузор шуд .

Номзадҳои сездаҳумини интихоботи раёсати ҷумҳӯрии Эрон дар дувумин мунозираи телевизиюнии худ дар мақоми посухгуӣ ба 7 саволи мухталифи барномаи мунозира дар ду марҳила ба баёни дидгоҳҳову назароти худ пардохтанд .

Муқоисаи муҳтавои миёни мунозираи нахуст бо мунозираи дувуми тафовутҳоеро дар ду ҷанба нишон медиҳад :

Ҷанбаи нахуст; парҳези номзадҳо аз тарҳи мабоҳиси ҳошияӣ ва пардохтан ба баҳсҳои аслии мунозира аст . Ин вижагӣ  мунозираи дувумро ба мабоҳису аҳдофи рақобатҳои интихоботии наздиктар кард .

   Ҷанбаи дувум; шаффофтар шудани мавзӯъоти мунозира ва боз шудани доманаи баҳсҳо дар қолаби пурсишу посухҳои мунозира аст . Ба шевае,ки дар фурсати 3 соъатаи мунозира эдеяҳову тарҳҳо ва нақдҳо дар бахши васиъе аз мавзӯъот матраҳ шуд .

Таъсирпазирии иқтисод аз сиёсати хориҷӣ, Барҷом, бекорӣ, таваррум, масойили ҷавонон, маскан, фақр ва фосилаи табақотӣ, мушкилоти беҳдошту дармон, рушди ҷамъият, масойили шуғлии муаллимону коргарон, мавзӯъоти фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва ақаллиятҳои қавмӣ ва динӣ аз ҷумлаи баҳсҳои матраҳшуда дар ин мунозира буд .

    Дар айни ҳол мунозираи дувум низ ҳамонанди мунозираи нахуст бо порае аз интиқодҳои шахсӣ ва ба таъбири бархе номзадҳо бо бадахлоқиҳои сиёсӣ ҳамроҳ буд . Бисёре бар ин боваранд, ки яке аз ҷаззобтарин ва албатта сарнавиштсозтарин марҳила аз таблиғоти номзадҳои интихоботӣ, навъи амалкарди онҳо дар мунозираҳои интихоботӣ аст .

Баргузории мунозира бавижа дар мавзӯи раёсати ҷумҳӯрӣ дар кишварҳои мухталиф  ба як падедаи роиҷ табдил шудааст . Амрико яке аз кишварҳое аст, ки дар он мунозираи интихоботӣ баргузор мешавад . Баҳсҳои мунозираӣ дар интихоботи ахири ин кишвар ба як ҷанҷоли шармандаовар табдил шуд . Британиая низ аз ҷойгоҳи қобили таваҷҷуҳе дар ин замина бархурдор аст . Дар кишварҳои назире Кореяи ҷанубӣ, Фаронса ва Русия ҳам мунозираҳои интихоботӣ баргузор мешавад . Дар бархе кишварҳо назири Аргентена ширкат дар мунозираҳои интихоботӣ иҷборӣ аст . Кишвари Тунис намунаи дигаре аст, ки дар он илова бар номзадҳо рӯзноманигорону ҳомии онҳо низ мунозира мекунанд .

Ҳадаф аз мунозира ташдиди рақобат бар асоси гуфтумони истидлолӣ ва шиносондани тавоноиҳо ва таҷрибаҳои номзадҳо дар идораи умур ва анҷоми масъулиятҳои бузург аст . Мунозираҳои сиёсӣ , аммо беш аз онки исботӣ ва истидлолӣ бошад, ҳаяҷонӣ аст . Тарафҳои  мунозира дар навъи сиёсии он, ки ғолибан " фосилаи зиёде аз илму дониши тахассусӣ дорад, дар бархе мавридҳо беш аз исботи худ ба радди тарафи муқобил мепардозанд .

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ-Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ  дар ҳамин хусус дар дидори ахири тасвирӣ бо раису намояндагони Маҷлиси шӯрои исломӣ номзадҳоро аз табдил кардани интихобот ба « саҳнаи ҷанги қудрат ва бархӯрдҳои иҳонатомез » мушобеҳи ончӣ дар Амрико ва баъзе кишварҳои аврупоӣ маъмӯл ва мояи обрурезии онҳо аст, барҳазар доштанд ва гуфтанд : Дар гузашта низ ҳар гоҳ дар мунозираҳову барномаҳои интихоботӣ аз ин гуна равишҳои тахрибӣ ,туҳматзанӣ ва тарсондани мардум аз рақиб истифода шуд, кишвар зарар кард . Ишон хотирнишон карданд : Риояти ахлоқи исломӣ дар мунозираҳову мусоҳибаҳо  муҷиби саррез шудани он дар ҷомеъа ва намунагирии мардум хоҳад шуд .

Табиӣ аст, ки мунозира гоҳ ба исбот  ва ё радди мантиқии назариёти тарафҳо мунҷар мешавад, аммо дар ҳар ҳол риояти ахлоқи сиёсӣ, шарти нахусти мунозира аст . Акнун бо ин интизор  нигоҳҳо мутаваҷҷеҳи сеюмин мунозираи сездаҳумини интихоботи раёсати ҷумҳурӣ шуда аст .

   

  Бештар бихонед :