Вуқуъи хуршедгирифтагӣ дар Эрон
(last modified Thu, 10 Jun 2021 11:41:22 GMT )
Июн 10, 2021 16:41 Asia/Dushanbe
  • Вуқуъи хуршедгирифтагӣ дар Эрон

Ҳалқаи оташ ё ҳамон хуршедгирифтагӣ имрӯз панҷшанбе иттифоқ меуфтад .

  Субҳи панҷшанбеи 10 июни 2021 баробар бо 20 хурдоди 1400 ин хуршедгирифтагии ҳалқаи оташ бо тулӯъи офтоб дар Онтариои Канада шурӯъ мешавад ва дар Гренландияи шимолӣ ба авҷи худ мерасад ва дар ниҳоят дар шимоли шарқии Сибир ба поён хоҳад расид .

Ин руйдоди зебои нуҷумӣ дар Эрон низ қобили мушоҳида хоҳад буд .

  Ин навъ аз хуршедгирифтагӣ ҳангоме рух медиҳад, ки аз сатҳи замин андозаи зоҳирии Моҳ андаке бузургтар аз андозаи зоҳирии Хуршед дида шавад . Дар ин вазъият дар маконҳое аз кураи Замин, ки ба хати васли маркази Хуршеду маркази кураи Моҳ хеле наздик ҳастанд, тамоми сатҳи Хуршед тавассути руйи торики Моҳ пушонда мешавад .