Футболи Ҷоми духтарони Кафа, пирӯзии тими футболи духтарони Эрон баробари Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i68562
Мусобиқоти футболи қаҳрамонии духтарони Осиёи Марказӣ дар радаи ҷавонони камтар аз 20 сол дирӯз бо бурди тими Эрон дар Душанбеи Тоҷикистон оғоз шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июн 12, 2021 09:52 Asia/Dushanbe
  • Футболи Ҷоми духтарони Кафа, пирӯзии тими футболи духтарони Эрон баробари Тоҷикистон

Мусобиқоти футболи қаҳрамонии духтарони Осиёи Марказӣ дар радаи ҷавонони камтар аз 20 сол дирӯз бо бурди тими Эрон дар Душанбеи Тоҷикистон оғоз шуд.

Дар ин рақобатҳо 5 тим ҳузур доранд, ки ба сурати давраӣ рақобат мекунанд.

Натоиҷи рӯзи нахуст ба ин шарҳ аст: Узбакистон 11 – Афғонистон 0.  

Эрон 3 – Тоҷикистон 0 (гулҳо: Фотимаи Шабон, Зуҳра Ирфонӣ ва Нигини Зандӣ)

Тими духтарони Эрон 24 хурдод бо Афғонистон, 15 июн бо Узбакистон в 17 июн бо Қирғизистон мусобиқа медиҳад.

Дар ҷадвали тимҳо Узбакистон ва Эрон бо 3 имтиёз аввал ва дувум ва тимҳои Тоҷикистону Афғонистон бидуни бурд сеюму чаҳорум ҳастанд.