Рӯҳонӣ: Имрӯз дар заминаи муқобила бо корона камбудӣ надорем
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i68608-Рӯҳонӣ_Имрӯз_дар_заминаи_муқобила_бо_корона_камбудӣ_надорем
Раисҷумҳури исломии Эрон бо ишора ба гузашти ҳудуди 16 моҳ аз шуюи вируси корона дар кишвар ва талошҳои анҷомшуда дар роҳи муқобила бо ин беморӣ гуфт: Имрӯз дар заминаи таҷҳизоти мавриди ниёз барои муқобила бо ин беморӣ рӯи пои худ истодаем ва камбудӣ надорем.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июн 12, 2021 13:46 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Имрӯз дар заминаи муқобила бо корона камбудӣ надорем

Раисҷумҳури исломии Эрон бо ишора ба гузашти ҳудуди 16 моҳ аз шуюи вируси корона дар кишвар ва талошҳои анҷомшуда дар роҳи муқобила бо ин беморӣ гуфт: Имрӯз дар заминаи таҷҳизоти мавриди ниёз барои муқобила бо ин беморӣ рӯи пои худ истодаем ва камбудӣ надорем.

Ҳасани Рӯҳонӣ рӯзи шанбе дар Ҷаласаи ситоди миллии муқобила бо корона, бо ташреҳи иқдомоту талошҳои анҷомшуда аз ибтидои шуюи корона дар кишвар ва муваффақиятҳои бадастомада дар тӯли ин муддат гуфт: Иқдомоти анҷомшуда дар ин роҳ ва муваффақиятҳои бадастомада бисёр бузург ва ифтихоромез аст, ки ҷои қадрдонӣ дорад.

Раисҷумҳури исломии Эрон бо баёни инки имрӯз ба роҳатӣ метавонем рӯзона 150 ҳазор иқдоми ташхисӣ анҷоми диҳем, гуфт: Ин иқдомот ва талошҳо ҷои ташаккур ва қадрдонӣ дорад.

Рӯҳонӣ дар ин замина ба тарҳи таҳаввули саломат ба унвони яке аз иқдомоти ифтихоромези давлати тадбиру умед ишора кард ва бо баёни инки кори давлати ёздаҳум ва давоздаҳум дар заминаи саломат дар таърихи кишвар беназир будааст, гуфт: Дунё аз иҷрои ин тарҳи бузург дар Эрон ҳайрат кард.

 

Бештар бихонед: