Июн 13, 2021 16:29 Asia/Dushanbe
  • Идомаи ройзаниҳои дипломатҳои эронӣ дар Вена

Ройзаниҳои муовинон ва мудирони сиёсии Эрон дар Вена идома дорад.

Чандин нишасти дуҷонибаву чандҷониба дар сатҳи муовинону мудирони сиёсӣ ва коршиносии ҳайати эронӣ, бо ҳайатҳои мухталиф дар Вена, пойтахти Австрия баргузор шудааст ва ҷаласот ба сурати фишурдаву пайдарпай идома хоҳад дошт.

Сайид Аббоси Ироқчӣ, муовини сиёсии Вазорати умури хориҷа ва раиси ҳайати музокиракунандаи Эрон, ки аз дирӯз (шанбе) ба манзури азсаргирии музокироти БарҶом вориди Вена, пойтахти Австрия шудааст, гуфт: Ниёзманди баҳсу ройзаниҳои зиёди сиёсӣ, фаннӣ ва қонунӣ ҳастем ва то ҳар замон, ки лозим бошад, ба ин гуфтугӯҳо идома хоҳем дод.

Шашумин даври музокироти Эрон ва гурӯҳи 4+1 дар бораи лағви таҳримҳои Амрико, дирӯз бо баргузории нишасти Комиссияи муштараки БарҶом дар Вена оғоз шуд.

Ҷумҳурии исломии Эрон таъкид кардааст, ҳангоме ба тааҳҳудоти барҷомии худ боз хоҳад гашт, ки Амрико ҳамаи таҳримҳои зиддиэрониро дар амал лағв кунад ва ин лағви таҳримҳо мавриди ростиозмоии Эрон қарор гирад.

 

Бештар бихонед: