Таъкиди Гросси ба зарурати эҳёи тавофуқи ҳастаии Эрон
(last modified Mon, 14 Jun 2021 08:06:17 GMT )
Июн 14, 2021 13:06 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Гросси ба зарурати эҳёи тавофуқи ҳастаии Эрон
    Таъкиди Гросси ба зарурати эҳёи тавофуқи ҳастаии Эрон

Бурунмарзӣ - Мудири кулли Ожонси байналмилалии энержии атомӣ бар зарурати эҳёи тавофуқи ҳастаии Эрон таъкид кард.

Рафаэл Гросси, мудири кулли Ожонси Байналмилалии Энержии Атомӣ (МАГАТЭ) дирӯз (якшанбе) дар мусоҳиба бо Axius зарурати эҳёи тавофуқи ҳастаии Эронро таъкид кард: Доштани тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон " зарурӣ "аст, зеро дар ғайри ин сурат « мо ( дар иртибот бо фаъолиятҳои ҳастаии Эрон ) як " кӯри саргардон " хоҳем буд.

Гроссӣ дар посух ба саволи мабнӣ бар таслеҳотӣ бӯдани барномаи ҳастаии Эрон афзуд: Хайр, дар ҳоли ҳозир  ҳеч иттилооти  нишондиҳандаи ин амр нест. Мудири кулли Ожонси байналмилалии энержии атомӣ дар бахши дигаре аз суханони худ аз афзоиши мизони ғанисозии Эрон ва дастёбӣ ба таслеҳоти ҳастаӣ ибрози нигаронӣ кард.

Мудири кулли Ожонси байналмилалии энержии атомӣ ду гузориши фаслии худро барои ироа ба нишасти ин ҳафтаи шӯрои ҳуккоми ожонс мунташир кардааст.

Ин ду гузориш  шомили ростиозмоии иҷрои Барҷом дар Эрон ва  баъзе масъалаҳои боқимондаи баҳси Эрон ва ожонс иборатанд.

Баъдтар Гроссӣ иддао кард, ки кафолатҳои Теҳрон шаффоф нестанд ва изҳор доштанд, ки ин ба қобилияти Ожонс барои таъмини табиати сулҳомези барномаи ҳастаии Эрон таъсир хоҳад дошт.

«Козими Ғарибободӣ» намояндаи доими Эрон дар ожонс низ дар вокуниш ба гузориши ахири Гроссӣ онро номӯътабар донист ва аз ин ниҳодӯ хост, ки аз ҳаргуна  дастури кори сиёсӣ фосила бигирад.

Рӯзи шанбе  даври шашуми гуфтугӯҳо дар хусуси лағви таҳримҳои Амрико ва бозгашти эҳтимолии ин кишвар ба Барҷомбо азсаргирии нишасти комиссияи муштараки барҷом дар шаҳри Вена оғоз шуд.

Вашингтон дар давраи зимомдории "Доналд Трамп " бо хурӯҷи якҷониба аз Барҷом, тероризми иқтисодиро бо ҳадафи фишори ҳаддиаксарӣ алайҳи мардуми кишвар эъмол кард.

Раиси ҷумҳурии ҷадиди Амрико сиёсати пешини Кохи Сафед дар қиболи Эронро мавриди интиқод қарор додааст,  аммо бозгашт ба Барҷомро машрут ба иқдоми Эрон  дониста ва бидуни ишора ба ин ки кадом  давлат дар қиболи Барҷом  халаф ваъда карда ва аз он хориҷ шудааст, ваъда дода ки дар сурати бозгашти Эрон ба иҷрои комили Барҷом, Вашингтон низ ба ин тавофуқ боз хоҳад гашт.

Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид мекунад, ки "он вақте ки Амрико ҳама таҳримотро дар амал бекор мекунад, на ба тариқи шифоҳӣ ва на дар рӯи коғаз, ва ӯ бекор кардани ин таҳримот аз ҷониби Эрон тасдиқ карда мешавад".

 

Бештар бихонед: