Июн 14, 2021 19:44 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Мушорикати мардум дар интихобот таҳримҳои ояндаро низ хунсо мекунад

Вазири умури хориҷаи Эрон гуфт: Мушорикати мардум на танҳо лағви таҳримҳоро суръат мебахшад, балки таҳримҳои ояндаро низ хунсо мекунад.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи душанбе дар видеое, ки дар ҳисоби корбариаш дар Инстаграм мунташир шудааст, афзуд: Мушорикати мардум дар интихобот на танҳо лағви таҳримҳоро суръат мебахшад ва бунёни ҷанги иқтисодӣ алайҳи миллати диловари Эронро дарҳам хоҳад шикаст, балки таҳримҳои ояндаро низ хунсо мекунад.

Зариф бо ишора ба ин ки мардум муассиртарин зомини озодӣ, амният, сарбаландӣ ва пешрафти кишваранд, гуфт: Мушорикати ҳушмандонаву густардаи мардум дар таъйини сарнавишти худ қудрати миллиро рақам мезанад, манофеи миллиро дар сатҳи ҷаҳонӣ посдорӣ мекунад ва пуштвонаи аслӣ барои таомули созандаи байналмилалӣ аст.

Вазири умури хориҷаи Эрон гуфт: Афзоиши мушорикат ба ноумедии тундравҳо, саҳюнистҳо ва террористҳои иқтисодӣ, ки бо эронҳаросӣ ва барҷомситезӣ, чашми тамаъ ба шикасти таомул ва афзоиши таҳримҳо дӯхтаанд, хоҳад анҷомид .

Сенздаҳумин давраи интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон 18 июни 2021 (28 хурдоди 1400 шамсӣ) баргузор мешавад.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп