Фароҳам шудани муқаддамоти баргузории интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон барои эрониёни муқими Тоҷикистон
Июн 16, 2021 14:15 Asia/Dushanbe
Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон шароити раъйдиҳии эрониёни муқими ин кишвар дар сездаҳумини интихоботи раёсатҷумҳурии Эронро муносиб ва омода тавсиф кард.
Ба гузориши ИРНА, Муҳаммадтақии Собирӣ дар сафҳаи “Твиттер”-ии худ навишт, ду шуъбаи раъйгирӣ ҳамзамон барои эрониёни муқими Тоҷикистон дар шаҳрҳои Душанбе ва шаҳри Роғун барои баргузории интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон омода шудааст.
Бар асоси ин гузориш, сездаҳумин давраи интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон 28 хурдодмоҳи 1400 (18 июни 2021) баргузор хоҳад шуд.
Дар ҳамин росто сафоратҳои Ҷумҳурии исломӣ дар кишварҳои мухталиф муқаддамоти ҳузури эрониёни муқимро барои мушорикат дар интихобот фароҳам кардаанд.
Бештар бихонед:
Барчасп