Саид Ҷалилӣ аз рақобатҳои интихоботи Раёсати Ҷумҳурии Эрон канор кашид
Саид Ҷалилӣ номзади сездаҳумин давраи интихоботии Раёсати Ҷумҳурии Эрон бо судури баёнияе аз идомаи рақобат дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ инсироф дод.
Ба гузориши рӯзи чаҳоршанбеи ИРНА, Саид Ҷалилӣ дар ин баёния хитоб ба миллати Эрон навишт: Ҳоло ки бахши густардае аз ҷомеъа ба Саид Иброҳими Раисӣ иқбол нишон додаанд шоистааст то ҳамаи бовармандони ҷабҳаи инқилоб мубтанӣ бар он чӣ зарурати гоми дувуми инқилоби исломист барои оғозе устувор, аз ҳамакнун ӯро бо раъйи худ дар қабули ин масъулияти бузург ёрӣ расонанд.
Ҷалилӣ идома дод: Ташкили давлати инқилобии муқаддама ба майдон омадани ҳамаи зарфиятҳои мардумӣ ва нухбагони кишвар аст ва набояд ҳатто як рӯзро дар масири ин ҷиҳоди фарогир ва ҳамагонӣ барои ҷаҳиши Эрон аз даст дод.
Пештар низ Алӣ Ризо Зоконӣ ва Муҳсини Меҳрализода аз ҳузур дар сездаҳумини давраи интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон инсироф доданд.
Сездаҳумин давраи интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон 18 июни 2021 ( 28 хурдоди 1400 шамсӣ ) баргузор мешавад.
Бештар бихонед: