Июн 17, 2021 16:49 Asia/Dushanbe
  • Охирин омори корона дар Эрон

Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз фавти 139 нафар бар асари гирифторӣ ба вируси корона дар ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи панҷшанбе бо интишори иттилоъияе эълом кард дар 24 соъати гузашта 139 бемори "Ковид - 19" фавт кардаанд, ки маҷмӯи фавтиҳо дар кишвар ба 82 ҳазору 619 нафар расид.
Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон ҳамчунин эълом кард: Аз рӯзи гузашта то имрӯз ва бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ 10 ҳазору 291 бемори ҷадиди мубтало ба " Ковид - 19 " дар кишвар шиносоӣ шуд, ки маҷмӯи беморон ба 3 миллиону 70 ҳазору 426 нафар расидааст .
Бар асоси ин гузориш то кунун 2 миллиону 708 ҳазору 743 нафар аз беморон беҳбуд ёфта ва ё аз бемористонҳо дар Эрон ҷавоб шудаанд .
Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон гузориш дод 22 миллиону 69 ҳазору 844 озмоиши ташхиси " Ковид - 19 " дар Эрон анҷом шудааст .
Вазорати беҳдошт  ҳамчунин эълом кардааст,ки то кунун 4 миллиону 366 ҳазору 148 нафар дозаи аввали ваксинаи корона ва 886 ҳазору 107 нафар низ дозаи дувумро тазриқ кардаанд ва маҷмӯи ваксинаҳои тазриқшуда дар Эрон ба 5 миллиону 252 ҳазору 255 доза расид .



Бештар бихонед :


 

 

Барчасп