Июн 17, 2021 17:08 Asia/Dushanbe
  • Ҳасани Рӯҳонӣ-раиси ҷумҳӯрии Эрон
    Ҳасани Рӯҳонӣ-раиси ҷумҳӯрии Эрон

Раиси ҷумҳӯрии исломии Эрон таъкид кард: Бо ҳузур дар марказҳои раъйдеҳӣ нагузорем орзӯҳои душман амалӣ шавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳасани Рӯҳонӣ-раиси ҷумҳӯрии Эрон рӯзи панҷшанбе гуфт : Душманон ба дунболи як интихоботи сард ҳастанд ва бо ҳузури гарми худ дар марказҳои раъйдеҳӣ нагузорем орзӯҳои душман амалӣ шавад.
Рӯҳонӣ афзуд : Ҷумъа рӯзи 28 хурдод ( 18 июн ) рӯзи бисёр муҳимме аст.
Раиси ҷумҳӯрии Эрон ҳамчунин гуфт : Раиси ҷумҳӯр барои инки битавонад барои ҳалли мушкилоти дохилӣ ва ҳамчунин масоили байналмиллалӣ бо қудрат ва тавони бештаре кору фаъолият кунад, орои мардуму ҳузури онон бисёр таъсиргузор аст. Рӯҳонӣ хотирнишон кард : Инки мардум дар ҷамъияти поин пои сандӯқҳои оро бошанд ё инки дар ҷамъияти боло ширкат кунанд, бисёр муҳим аст ва ҳама фардо бояд ба вазифаи худ амал кунем ва пои сандуқҳои оро биравем .
Раиси ҷумҳӯрии Эрон таъкид кард: Умедворам ки битавонем интихоботии шукӯҳманд баргузор кунем ва 28 хурдод бо зебоӣ ба унвони як варақи заррини дигар дар авроқи торих ва торихи инқилоби исломӣ сабт шавад ва ҳама ба вазифаи худ амал кунем .
Сездаҳумини давраи интихоботи раёсати ҷумҳӯрии Эрон фардо, ҷумъа 28 хурдодмоҳи 1400 ( 18 июни 2021 ) баргузор хоҳад шуд .



Бештар бихонед :

 

Барчасп