Июн 17, 2021 20:09 Asia/Dushanbe
  • Баёнияи интихоботии сафорати Эрон дар Русия  хитоб ба эрониёни муқим

Сафорати Ҷумҳӯрии исломии Эрон дар Федерасиюни Русия дар остонаи рӯзи ифтихори миллӣ ва сарнавиштсози сездаҳумини давраи интихоботи раёсати ҷумҳӯрӣ аз ҳамаи эрониён дар Федерасиюни Рӯсия, ки ҳамвора нишон додаанд орзӯи рушду таъолии Эронро дар дил доранд, барои ширкат дар ҷашни миллӣ дар рӯзи ҷумъа 28 хурдод даъват ба амал овард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон   дар ин баёния навишта шудааст : Мушорикати эрониён дар сездаҳумини интихоботи раёсати ҷумҳӯрии Эрон бавижа ҳамватанони хориҷ аз кишвар ҳамвора мавриди тавваҷуҳи вижаи расонаҳо ва сервисҳои хабарии дунё қарор доштааст .
Аз ин рӯ ҳузури пуршӯру мушорикати ҳамагонӣ дар ин рӯйдоди миллӣ, ки ҷилвае аз иқтидору ҳамбастагии миллӣ ва меҳании ҳамаи эрониёнро ба намоаш мегузорад на танҳо тавтеъаҳои душманон ва нақшаҳои шуми ононро барои Эрони азизамон нақши бар об хоҳад кард, балки ин ҳузури ғурурофарин таҳсини ғайрату эҳсоси масъӯлияти ҳамватанони муқим аз сӯи ҷомеъаи  мизбонро ба дунбол хоҳад дошт .



Бештар бихонед :

 

Барчасп