Июн 18, 2021 16:12 Asia/Dushanbe
  • Мароҷеъ ва оёти изом дар Қум раъйи худро ба сандуқ андохтанд

Мароҷеъ ва оёти изом дар Қум дар соатҳои оғозини раъйгирӣ, раъйи худро ба сандуқ андохтанд.

Оятуллоҳ Ҳусайн Нурии Ҳамадонӣ ва оятуллоҳ Ҷаъфари Субҳонӣ, аз мароҷеи изоми тақлид рӯзи ҷумъа бо ширкат дар интихобот, раъйи худро ба сандуқ андохтанд.

Оятуллоҳ Ҳусайн Нурии Ҳамадонӣ пас аз андохтани раъйи худ ба сандуқ, ҳамагонро ба мушорикати ҳаддиаксарӣ дар ин интихобот даъват кард.

Оятуллоҳ Ҷаъфари Субҳонӣ, аз дигар мароҷеи изоми тақлид низ субҳи имрӯз, дар сенздаҳумин давраи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, шашумин давраи шӯроҳои исломии шаҳру русто ва интихоботи миёндавраии Маҷлиси хубрагони раҳбарӣ, дар Қум ширкат кард ва раъйи худро ба сандуқ андохт.

Ҳамчунин оқоён Меҳдии Шабзиндадор ва Сайид Муҳаммадризо Мударрисии Яздӣ, ду тан аз аъзои Шӯрои нигаҳбон низ раъйи худро ба сандуқ андохтанд.

 

Барчасп