Вокуниши ситоди ҳуқуқи башари Додгоҳи Эрон ба лату кӯби эрониёндар хориҷ аз кишвар
(last modified Sat, 19 Jun 2021 09:41:05 GMT )
Июн 19, 2021 14:41 Asia/Dushanbe
  • Гузоришҳои зиёде дар бораи ҳамлаҳои ба эрониҳои муқими хориҷ, ки барои раъй муроҷиат карда буданд, мунташир шудааст
    Гузоришҳои зиёде дар бораи ҳамлаҳои ба эрониҳои муқими хориҷ, ки барои раъй муроҷиат карда буданд, мунташир шудааст

Ситоди ҳуқуқи башари Додгоҳи Эрон нисбат ба озор ва лату кӯби ҳамватанони эронӣ дар хориҷ аз кишвар дар рӯзи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ вокуниш нишон доданд.

Ба гузориши ИРНА; Ситоди ҳуқуқи башари Эрон  рӯзи шанбе дар Твиттер дар вокуниш ба озору азият ва лату кӯби ҳамватанони эронӣ дар хориҷ аз кишвар дар рӯзи интихоботи раёсат ҷумҳурӣ навишт: «Эрониёни муқими Англия, Австралия ва Зелландияи Нав, ки барои ҳақи таъини сарнавишти хеш ба маҳалли баргузории интихобот рафтанд, ало  рағми ҳузури полис  мавриди озор ва лату кӯб қарор гирифтанд. Ин кишварҳо ва Канада, ки ними миллион эрониро аз интихобот маҳрум кард, ҳамагӣ аз дафтари « салтанатӣ » хат мегиранд.»

Ҳамзамон бо баргузории сездаҳумини давраи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Эрон, Вазорати корҳои хориҷӣ инчунин заминаи овоздиҳии эрониёни дигар кишварҳоро фароҳам овард; дар ин чорчӯб гузоришҳои мутаъаддид аз ҳамлаи зиддиинқилоб ба эрониҳое, ки ба қасди раъйдиҳандагон муроҷиа карда буданд, мунташир шудааст.

Ҳаводиси мушобеҳе дар Австралия, Зелландияи Нав ва Канада низ гузориш шудааст, ки ҳамагӣ аз мустаъмироти пешини Британиа ҳастанд ва ҳамчунон  ҷузъи қаламрави малакаи Англис маҳсуб мешаванд.

Интихоботи сездаҳумини давраи раёсати ҷумҳӯрии Эрон, шашумин давраи шӯроҳои исломии шаҳр ва русто, нахустин миёни давраи ёздаҳумини давраи маҷлиси шӯрои исломӣ ва дувумин миёни давраи панҷумин маҷлиси хубрагони раҳбарии дирузи ҷумъа баргузор шуд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп