Июл 25, 2016 17:53 Asia/Dushanbe
  • Шамхонӣ: Муқобила бо ДИИШ-парварӣ, авлавияти мубориза бо терроризм аст

Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон, муқобила бо ДИИШ-парварӣ дар минтақаро авлавиятҳои мубориза бо терроризм донист.

Ба гузориши ИРНА, Алии Шамхонӣ имрӯз (душанбе), дар дидори Носирхон Ҷанҷуа-мушовири амнияти миллии нахуствазири Покистон дар Теҳрон, гуфт, муқобила бо тафаккури ДИИШ-парварӣ муҳимтарин авлавият ва зербинои мубориза бо терроризм аст ва бидуни он ҳеч кишваре, чӣ дар минтақа ва чӣ дар Аврупо, дорои амният ва субот нахоҳад буд.

Шамхонӣ бар зарурати ҳифзи амнияти пойдор дар марзҳо ва иҷрои иқдомоти муштарак дар мубориза бо тронзити маводи мухаддир, қочоқи инсон, силоҳ ва низ мубориза бо ашрор таъкид кард ва афзуд, Эрон иҷоза нахоҳад дод, бархе кишварҳо бо фиристодани силоҳ ва иҷораи террорист барои эҷоди ноамнӣ дар марзҳои Эрон ва Покистон, равобити ду кишварро таҳти таъсир қарор диҳанд.

Мушовири амнияти миллии нахуствазири Покистон низ дар ин дидор гуфт, ҳӯшёрии кишварҳои исломӣ дар баробари тавтеаҳои хориҷӣ, ки бо ҳадафи афзоиши низоъ миёни мусулмонон тарҳрезӣ мешавад, зарурӣ аст.

Вай ҳамчунин гуфт, Покистон ҳамкории амниятӣ ва иқтисодии худро бо Эрон густариш хоҳад дод.