Июн 20, 2021 20:15 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши ситоди ҳуқуқи башари Эрон ба иддаои Амрико

Ситоди ҳуқуқи башари Қувваи қазоияи Эрон бо интишори паёме ба иддаои Амрико дар хусуси муофияти мубодилоти таҷҳизоти муқобила бо корона аз таҳримҳо, вокуниш нишон дод.

Ситоди ҳуқуқи башари Эрон дар вокуниш ба муофияти мубодилоти таҷҳизоти муқобила бо корона аз сӯйи Амрико алайҳи Эрон навишт: 82000 эронӣ қурбонии корона шуданд ва акнун Амрико 16 моҳ пас аз густариши ин вируси манҳус ва сохти ваксинаи эронӣ, барои мубодилоти коронаӣ муофият содир мекунад!

Дар идомаи ин паём омадааст: “Мубодилоте, ки таҳрими онҳо ҳатто дар даврони ҷанг хилофи қонунҳои байналмилал аст. Бардоштани таҳримҳои ғайриқонунӣ ва муҷозоти омилони он хости миллати Эрон аст.”.

Хазонадории Амрико ахиран иддао карда, муофияти таҳримӣ барои мубодилоти коронаӣ бо Эронро содир кардааст.

Бинобар дастуруламале, ки мунташир шуда, Амрико ҳамаи мубодилоту фаъолиятҳои муртабит бо содирот, бозсодирот, фурӯш ё арза, мустақим ё ғайримустақими колоҳо ё фанновариҳои мавриди истифода дар пешгирӣ, ташхис ё дармони Ковид - 19 (азҷумла пажӯҳишҳо ё мутолеоти болинии муртабит бо Ковид - 19) бо Эрон ё ҳукумати Эрон ё бо афрод ва кишварҳои сеюм, ки чунин колоҳоеро ба таври хос барои бозфурӯш ба Эрон харидорӣ мекунанд, аз таҳримҳо муоф хоҳанд шуд.

Ин хабар дар ҳоле мунташир мешавад, ки Вашингтон ҳамвора иддао карда буд, колоҳои башардӯстона чуни ғизову дору аз таҳрим муоф ҳастанд, аммо дар амал бонкҳову давлатҳои байналмилалӣ ба таҳримҳои Амрико аз анҷоми тарокунишҳои молии марбут ба тарафҳои эронӣ, ҳатто барои муомилоти марбут ба ғизову дору худдорӣ мекунанд.

Муофияти содиршуда аз сӯйи Вазорати хазонадории Амрико муҳри таъйиде бар мавзеи Ҷумҳурии исломии Эрони дар хусуси таҳрими колоҳои башардӯстона аст, ки тибқи қавонини байналмилал, ҳатто дар шароити ҷанг низ шомили таҳрим намешавад.

Аз сӯйи дигар, Амрико дар ҳоле барои мубодилоти коронаӣ муофият содир карда, ки Ҷумҳурии исломии Эрон бо иттико ба дониши бумии худ, ба фанноварии сохти ваксинаи коронаи даст пайдо кардааст.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп