Оғози нишасти Комиссияи муштараки БарҶом дар Вена
(last modified Sun, 20 Jun 2021 16:08:37 GMT )
Июн 20, 2021 21:08 Asia/Dushanbe
  • Оғози нишасти Комиссияи муштараки БарҶом дар Вена

Нишасти Комиссияи муштараки БарҶом бо ҳузури ҳайатҳои эронӣ ва гурӯҳи чаҳор ба иловаи як дар Вена оғоз шуд.

Нишасти Комиссияи муштараки БарҶом имрӯз, якшанбе дар сатҳи муовинону мудирони сиёсии вазоратхонаҳои умури хориҷаи Эрон ва гурӯҳи чаҳор ба иловаи як, дар Вена, пойтахти Австрия оғоз шуд.

Раёсати ин нишаст бар ӯҳдаи Энрике Мора, муовини дабири кулли Хадамоти иқдоми хориҷии Иттиҳоди Аврупо аст.

Раёсати ҳайати эрониро низ дар ин ҷаласа Сайид Аббоси Ироқчӣ, муовини сиёсии вазири умури хориҷаи Эрон бар ӯҳда дорад.

Ҷумҳурии исломии Эрон таъкид кардааст, бо тавваҷуҳ ба ин ки Амрико тарафе буда, ки БарҶомро нақз карда, ин Вашингтон аст, ки бояд бо рафъи таҳримҳо ба тавофуқ бозгардад ва лозим аст иҷрои тааҳҳудоти Амрико мавриди ростиозмоӣ қарор гирад.

Эрон таъкид карда, исрор ё шитобе барои бозгашти Амрико ба ин тавофуқ надорад.

 

Бештар бихонед: