Парки миллии “Эрони кӯчак”: Хостгоҳи намодҳои ақвоми эронӣ ва гардишгарӣ
(last modified Sun, 20 Jun 2021 16:20:04 GMT )
Июн 20, 2021 21:20 Asia/Dushanbe

Парки миллии “Эрони кӯчак” дар Караҷ, бо ҳадафи намоиши танаввуи қавмиву фарҳангии Эрон сохта шудааст.

Ба гузориши хабаргузории “Эрон Пресс”, сукунатгоҳҳои ақвоми мухталифи эронӣ, намоди шахсиятҳои муҳими фарҳангиву адабӣ ва диданиҳои муҳими саросари Эрон дар парки миллии “Эрони кӯчак” дар Караҷ ба намоиш даромадааст.

Ин парк ҳамчунин мизбони 12 минтақаи муҳими фарҳангиву гардишгарии Эрон, аз ҷумла “Сиёҳчодарҳои Эли Бахтиёрӣ, Арги Бами Кирмон, рустои Абёна, рустои Шоҳсавани Ардабил, Кандувони Табрез, Обанбори Язд, Бозори Саъдуссалтанаи Қазвин, Осиёби бодии Хуросони Ҷанубӣ ва дигар манотиқи гардишгарӣ аст.

Парки миллии “Эрони кӯчак” дар Караҷ, шоҳкори ҳунарӣ дар заминаи парксозии навин буда ва ба унвони нахустин парки фарҳанги эронӣ дар Созмони фарҳангӣ, илмӣ ва омӯзишии Милали Муттаҳид (ЮНЕСКО) сабти ҷаҳонӣ шудааст.

Ҳадаф аз сохти ин парк ин аст, ки гардишгарон бо ҳузур дар он, ба сурати мутамарказ, намодҳои ақвоми эронӣ ва ҷозибаҳои фарҳангиву гардишгарии Эронро мушоҳида кунанд.