Октябр 30, 2016 18:08 Asia/Dushanbe
  • Оятуллоҳ Лориҷонӣ: Эрон талаққии Ғарб аз ҳуқуқи башарро қабул надорад

Раиси Қувваи қазоияи Эрон гуфт, Ҷумҳурии исломии Эрон талаққии Ғарбро дар бораи ҳуқуқи башар намепазирад.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, оятуллоҳ Содиқ Омулии Лориҷонӣ, раиси Қувваи қазоияи Эрон рӯзи якшанбе, пас аз дидор бо Мидҳат Маҳмуд, раиси Шӯрои олии қазоии Ироқ дар Бағдод, дар нишасти хабарии муштарак афзуд: "Эрон ҳуқуқи башари пешниҳодии худро бар асоси мабонии Ислом арза мекунад ва бо талаққии ҳуқуқи башари ғарбӣ коре надорад".

Оятуллоҳ Омулии Лориҷонӣ ҳамчунин дар ташреҳи ёддошти тафоҳуми имзошуда байни Эрону Ироқ гуфт, ду кишвар дар заминаҳои истирдоди муҷримон, ҳамкории қазоӣ ва низ дифоъ аз ҳуқуқи башар аз нигоҳи Ислом дар ҷомеаи байналмилалӣ тафоҳуми хубе доранд.

Омулии Лориҷонӣ дар бораи ҳамкории Эрону Ироқ дар заминаи мубориза бо терроризм таъкид кард, рӯйкарди Эрон дар қиболи терроризм ва ҷароими созмонёфтаву ҳамкорӣ барои муқобила бо он, ҳамонанди рӯйкарди давлати Ироқ аст.

Мидҳат Маҳмуд, раиси Шӯрои олии қазоии Ироқ низ гуфт, Эрону Ироқ дар бораи мавзӯоти қазоӣ, мубориза бо терроризм ва ҳуқуқи башар дидгоҳҳои муштарак доранд.

Раиси Қувваи қазоияи Эрон рӯзи шанбе дар чорчӯби сафаре ҳафтрӯза ва барои дидор бо мақомоти олирутбаи Ироқ, вориди Бағдод шуд.