Июн 21, 2021 10:30 Asia/Dushanbe
  • Раисиҷумҳури мунтахаб: Ҳама бидонанд давлати мардумӣ, ҳечгӯна фасодеро барнаметобад
    Раисиҷумҳури мунтахаб: Ҳама бидонанд давлати мардумӣ, ҳечгӯна фасодеро барнаметобад

Бо поён ёфтан шумориши орои сездаҳумин давраи интихоботи раёсат Ҷумҳурии Исломии Эрон, Саидиброҳими Раисӣ ба унвони мунтахаби мардум ва ҳаштумин раисиҷумҳури Эрон интихоб шуд.

Бар асоси эъломи Ситоди интихоботи вазорати кишвари Эрон,  Саидиброҳими Раисӣ бо касби наздик ба 18 миллион раъй дар рақобатҳои интихоботии рӯзи ҷумъа 18 июн (28 хурдод), ба унвони сездаҳумин раисиҷумҳури Эрон интихоб шуд.

Дар пайи ин пирӯзӣ, раисиҷумҳури мунтахаби мардуми Эрон дар баёнияе бо ишора ба инки мунтахаби ин интихобот бар асоси қоида мардумсолории динӣ, мунтахаби ҳамаи миллат ва ходими ҳамаи ҷумҳур аст, тасреҳ кард: ончунон, ки дар ин интихобот мустақил ворид шудам, ба пуштвонаи орои боло ва эътимоди камназири шумо, давлате пуркор, инқилобӣ ва зиддифсодро ташкил медиҳам, ва ба сӯи густариши адолат ба унвони маъмурияти меҳвари инқилоби исломӣ ҳаракат хоҳем кард.

Мунтахаби сездаҳумин давраи интихоботи раёсатҷумҳурӣ пеш аз пирӯзии интихоботиаш, дар мусоҳибае мардумӣ будан, зиддифасод будан ва бархӯрдорӣ аз рӯҳияи инқилобиро се муаллафа барои интихоби ҳамкоронаш унвон кард ва гуфт: ҳама бидонанд давлати мардумӣ ҳеч гӯна фасодеро барнаметобад ва иҷоза намедиҳем дар ҳеч куҷои созмони идории давлат фасод лона кунад.

Раисӣ ҳамчунин дар баёнияи эъломи ҳузури худ дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ бо ишора ба сарфаслҳои муҳими кории давлати худ навишта буд: " Равшан аст, ки мардум ба вазъи мавҷӯди идорӣ ва иқтисодии кишвар, ки на бо арзишҳои инқилоб ва на бо интизороти ҷумҳӯр ва на бо имконоту тавоноиҳои мавҷӯд созгор нест, муътариз ва гиламанданд. Давлати оянда барои илоҷи ин дарди муштарак, бояд амиқани муътақид ба таҳаввул ва тағйири асосии хатти идораи умури иҷрои кишвар ба нафъи мардум бошад то дар ояндаи наздик, талхии ношӣ аз беадолатӣ, ҳошиясозиро ба таъми ширин ва хостании эҳсоси иҷрои адолат мубаддил гирданд."

Раисиҷумҳури мунтахаб ҳамчунин гуфтааст. ки мардум аз интихобот ба дунбол ин нестанд, ки фард ё гурӯҳе аз сандалии қудрат баланд шавад ва қабилаи дигаре бо нишастан ба ҷои онҳо, имконоти кишварро байни худ тақсим кунанд. Натиҷаи интихобот бояд «таҳаввул»-и воқеӣ, яъне бозгардондани умеду нишот ба зиндагии мардум бошад.

То ҳудӯди 45 рӯзи дигар суккони раёсатҷумҳурӣ ба раисиҷумҳури мунтахаб супурда хоҳад шуд.

Раисиҷумҳури мунтахаб, қувваи муҷрияро дар ҳоле таҳвил хоҳад гирифт, ки иқтисоди кишвар ба далоили мухталиф осебҳои зиёде хӯрдааст. Тибқи охирин омор дар поёни давлати давоздаҳум, нархи таваррум ба 45 дарсад афзоиш хоҳад ёфт, ки дар навъи худ рекорд маҳсӯб мешавад.

Нархи таваррум дар иқтисод ба унвони сиёситарин нарх шинохта мешавад, чун мардум афзоишу коҳиши ин нархро бар сари суфраҳои худ ламс мекунанд, бинобар ин коҳиши интизороти таваррумӣ ва ҷилавгирӣ аз рушди нархи таваррум ва бозгардондани он ба раванди нузӯлӣ, аз чолишҳои пеши рӯи давлати оянда хоҳад буд. Бекории ҷавонону зарурати фароҳамсозии зарфиятҳои тавлид бо истифода аз ҷавонони мутахассису таҳсилкардаи ҷомеъа низ яке дигар аз чолишҳои иқтисодии давлати ояндааст.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муъаззами Инқилоби Исломӣ, низ шанбе дар паёме ба муносибати ҳузури ҳамосӣ ва шӯрангези миллати Эрон дар интихоботи 28 хурдод, боқадрдонӣ аз ҳузури ҳамосӣ ва шӯрангези миллати Эрон дар интихоботи хитоб ба мунтахабони мардум дар масъулияти волои раёсатҷумҳурӣ ё узвияти шӯроҳо, гуфтанд, фурсати хидматгузорӣ ба кишвар ва миллатро қадр бидонеду ангезаҳои Худоиро ҳамвора маддиназар дошта бошед.

Дар ҳар ҳол истифода аз имконоти кишвар, ки бисёр мутанаввеъ ва арзишманд ҳастанд қатъан ба интихоби масъулоне пурталош ва бо ангеза ниёз дорад то битавон зарфиятҳои мавҷӯдро барои рафъи чолишҳои иқтисодӣ дар болотарин сатҳ бакор гирифт.

Аз ин манзар, дидгоҳҳо ва баёнияи раисиҷумҳури мунтахаб хитоб ба миллати Эрон таъкид бар ин нукта дорад. ки поёни интихобот мебоист оғози ҳаракате нав барои эҷоди тағйир ва таҳавул бошад. Умед аст, ки раисиҷумҳури мунтахаб ва давлати баромада аз раъйи мардум, ки намояндаи ҳамаи миллати бузурги Эрон аст, дар таҳаққуқи мутолиботи мардум ва таъмини манофеъи миллӣ сарбаланд ва сарафроз бошад.

Бештар бихонед:

Раисиҷумҳури мунтахаб: Ҳамаи талоши худро барои боз кардани гиреҳҳои кишвар ба кор мебарем

Сездаҳумин интихоботи раёсатҷумҳурӣ; интихоботе бо ҳузури пуршӯри мардум

 

Барчасп