Июн 22, 2021 16:09 Asia/Dushanbe
  • Пардохти ҳазинаи хариди 16 миллион доз ваксинаи “COVAX” тавассути Эрон

Вазири нерӯ ва раиси Комиссиони муштараки ҳамкориҳои иқтисодии Эрон бо Ироқ, аз ворезии ҳазинаи хариди 16 миллион доз ваксинаи “COVAX” хабар дод.

Ризо Ардакониён, вазири нерӯи Эрон рӯзи сешанбе гуфт, бо пайгириҳои ба амал омада, аз манобеи арзии мавҷӯд дар Бонки тиҷорати Ироқ, маблағи 115 миллион франки Швейтсария ба ҳисоби Бонки Швейтсария барои дарёфти 16 миллион доз ваксинаи “COVAX”  вориз шуд.

Ардакониён пеш аз ин аз судӯри муҷаввиз барои таъмини манобеи арзии Эрон дар Ироқ барои хариди 16 миллион дози ваксинаи кўўокс ва интиқоли ин маблағ ба як бонки аврупоӣ хабар дода буд.

Ҳамзамон бо таъмини ваксинаи корона аз манобеи хориҷӣ ваксинатсияи саросарии корона бо ваксини эронии ( Ков Эрон баракат) дар Эрон низ оғоз шудааст.

 

Бештар бихонед:

Барчасп