Июн 23, 2021 10:33 Asia/Dushanbe
  • Бақоии Ҳомона: Гузориши зиддиэронии Шӯрои ҳуқуқи башар комилан сиёсӣ аст

Сафир ва намояндаи доими Эрон назди Созмони Милали Муттаҳид дар Женева дар вокуниш ба гузориши зиддиэронии Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милал Муттаҳид гуфт, ки ин санад бар асоси як дастури кори комилан сиёсӣ ва нозир бар ҳаҷми зиёде аз иттилооти ғайри дақиқ ва ривоятҳои нодуруст таҳия шудааст.

Ба гузориши ИРНА, Исмоил Бақоии Ҳомона, сафир ва намояндаи доими Эрон назди Созмони Милали Муттаҳид дар Женева дар 47-умин нишасти Шӯрои ҳуқуқи башар ёдовар шуд, ки Ҷумҳурии исломӣ комилан ба ҳимоят ва иртиқои ҳуқуқи башар мутааҳҳид ва ба тааҳҳудоти байналмилалии худ эҳтиром мегузорад ва бар ҳамин асос дирӯз чаҳорумин гузориши миллии худро дар бораи иҷрои мисоқ байналмилалии ҳуқуқи маданӣ ва сиёсӣ дирӯз ба Кумитаи ҳуқуқи башар ироа кард.

Ҳомона афзуд, мо аз ҳамаи кишварҳо мехоҳем, ки усӯли ҷаҳонӣ будан, бетарафӣ ва гузинишӣ бархӯрд накарданро дар баррасии масоили ҳуқуқи башар ва ҳазфи стандартҳои дугона ва сиёсикорӣ риоят кунанд.

Вай бо баёни инки мардуми Эрон дар баробари иқдомоти қаҳромез, якҷониба ва бераҳмонаи режими собиқи Амрико, ки ба унвони як роҳбурд барои таҳти фишор қарор додани "ҳаддиаксарӣ" бар мардуми Эрон истифода шуд, "ҳаддиаксари муқовимат"-ро нишон дод афзуд, Иёлоти муттаҳида, мироси ғайриқонунӣ ва ғайриинсонии давлати собиқро, ки комилан мухолифи қавонини байналмилалӣ ва усӯли асосии башарият аст, идома медиҳад.

Бақоии Ҳомона тавзеҳ дод: Иёлоти муттаҳида, ҳомиёни он ва кишварҳое, ки иқдомоти як ҷониба иҷбории Вашингтонро эъмол мекунанд, бояд посухгӯи нақзи густарда ва шадиди ҳуқуқи башар бошанд.

Бештар бихонед:

 

Барчасп