Июн 25, 2021 19:42 Asia/Dushanbe
  • Чашмандози ҳузури Эрон дар Актауи Қазоқистон

Сарконсули Ҷумҳурии исломии Эрон дар бандари Актау (Aktau) -и Қазоқистон, фурсатҳои сармоягузориву иқтисодиро дар ин бандар муносиб донист.

Ҳабибуллоҳ Малакутифар, сарконсули Ҷумҳурии исломии Эрон дар Актауи Қазоқистон гуфт: Теҳрон сармоягузорӣ дар заминҳои соҳилӣ, ки ба сурати ройгон барои тарҳҳое чун маконҳои тафреҳӣ, паркҳои обии соҳилӣ, меҳмонхонаҳо ва иқоматгоҳҳои соҳилӣ дар назар гирифта шудаандро пешниҳод медиҳад.

Малакутифар дар робита бо энержиҳои ҷойгузин ва таҷдидпазир ва муҷтамаъҳои кишоварзии саноатӣ низ изҳор дошт: Шароит дар ин минтақа барои эҷоди нерӯгоҳҳои хуршедӣ ва бодӣ ва ҳамчунин бахшҳои эҷоди гулхона, чорводорӣ ва парвариши моҳӣ фароҳам аст ва Ҷумҳурии исломии Эрони омодагии ҳамкорӣ дар ин заминаҳоро дорад.

Сарконсули Ҷумҳурии исломии Эрон дар Актауи Қазоқистон афзуд: Равобити Ҷумҳурии исломии Эрон ва Қазоқистон бисёр хуб аст ва умедворам, ки дар оянда ҳамкориҳои густардаву дуҷонибаи бештаре дошта бошем.

 

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп