Июн 26, 2021 14:04 Asia/Dushanbe
  • Мувофиқати Раҳбари Муаззами Инқилоб бо авф ё тахфифи муҷозоти теъдоде аз маҳкумон
    Мувофиқати Раҳбари Муаззами Инқилоб бо авф ё тахфифи муҷозоти теъдоде аз маҳкумон

ба муносибати солрӯзи милоди босаодати имом Алӣ Мусо Ризо алайҳиссалом ва ҳафтаи Қувваи қазоия, Раҳбари Муаззами Инқилоби Исломӣ бо авф ё тахфиф ва табдили муҷозоти панҷ ҳазору саду панҷоҳу шаш нафар аз маҳкумони муҳокимони умумӣ ва инқилоб, Созмони қазоии нерӯҳои мусаллаҳ ва таъзироти ҳукуматӣ мувофиқат карданд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳуҷҷатул ислом  вал муслимин  Сайид  Иброҳими Раисӣ раиси қувваи қазоияи Эрон ба муносибати фаро расидани солрӯзи милоди ҳазрати Имом Ризо  алайҳиссалом ва ҳафтаи қувваи қазоия дар номае ба Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ пешниҳоди афв ё тахфиф ва табдили муҷозоти ин маҳкумонро, ки парвандаҳои афви онон дар комиссиюни афв ва бахшудагии баррасишуда ва воҷиди шароити лозим ташхис дода шудаанд, ироа кард, ки ин пешниҳод дар иҷрои банди 11 асли 110 қонуни асосии мавриди қабули ҳазрати Оятуллоҳи Хоминаӣ қарор гирифт.

Барчасп