Июн 27, 2021 19:05 Asia/Dushanbe
  • Ғарибободӣ: Мубориза бо маводи мухаддир як масъулияти муштарак аст

Козими Ғарибободӣ, сафиру намояндаи доими Эрон назди созмонҳои байналмилалӣ дар Вена, мубориза бо маводи мухаддирро як масъулияти муштарак барои тамоми кишварҳо донист.

Козими Ғарибободӣ, сафиру намояндаи доими Эрон назди созмонҳои байналмилалӣ дар Вена, рӯзи якшанбе дар суханронӣ дар маросими рӯзи ҷаҳонии мубориза бо маводи мухаддир, ки аз сӯйи ситоди мубориза бо маводи мухаддири Эрон баргузор шуд, гуфт: Бо вуҷуди иқдомоти ҷомеаи байналмилалӣ, муттаассифона кишти ғайриқонунӣ, тавлид, қочоқи маводи мухаддир ва масрафи он ба таври физояндае афзоиш ёфтааст.

Ғарибободӣ афзуд: Яке аз мушкилот дар минтақаи мо, вазъияти кишту тавлиди маводи мухаддир дар кишвари ҳамсояи мо ба унвони бузургтарин тавлидкунандаи маводи мухаддир мебошад. Гузориши ахири дафтари муқобила бо ҷурму маводи мухаддири Созмони Милал низ ба ин мавзуъ ишора карда ва мегӯяд, пешрафте дар ин кишвари ҳамсоя барои контроли кишту тавлиди маводи мухаддир ҳосил нашудааст.

Ғарибободӣ бо ишора ба афзоиши чиҳилуякдарсадии кашфу забти анвои маводи мухаддир дар Эрон дар соли 2020 дар муқоиса бо соли қабл аз он, афзуд: Ин мавзуъ аз як сӯ нишондиҳанда муассир будани фаъолиятҳои муқобилаи Эрон буда ва аз сӯйи дигар, аломатҳои ҳушдордиҳанда дар мавриди афзоиш бесобиқаи маводи мухаддир дар минтақа мебошад.

Сафир ва намояндаи доими Эрон назди созмонҳои байналмилалӣ дар Вена, аз таҳримҳои якҷонибау ғайриқонунӣ ва таъсири онҳо бар зарфияти кишварҳо дар муқобила бо маводи мухаддир интиқод карду хоҳони рафъи ин қабил таҳримҳо шуд.

 

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп