“Forbes”: Эрон чаҳордаҳумин кишвари сарватманди ҷаҳон аст
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i69740-forbes_Эрон_чаҳордаҳумин_кишвари_сарватманди_ҷаҳон_аст
Ба навиштаи “Forbes” беш аз 250 ҳазор сарватманд дар Эрон зиндагӣ мекунанд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июн 30, 2021 14:39 Asia/Dushanbe
  • “Forbes”: Эрон чаҳордаҳумин кишвари сарватманди ҷаҳон аст

Ба навиштаи “Forbes” беш аз 250 ҳазор сарватманд дар Эрон зиндагӣ мекунанд.

Нашрияи “Forbes” дар гузорише навишт, ки бо вуҷӯди ташдиди таҳримҳои Амрико ва шуюи густардаи корона, теъдоди эрониёни сарватманд дар соли 2020 беш аз 21 дарсад нисбат ба соли қабли он бештар шуда, дар ҳоле, ки мутавасити ҷаҳонӣ 6.3 дарсад будааст. Сарвати ин афрод низ тайи ҳамин сол бар ҳасби доллар 24.3 дарсад афзоиш доштааст .

Аз ҷумлаи далоили аслии афзоиши сарвати бархе афрод, рушди бесобиқа 625 дарсадии шохиси бурси Теҳрон дар соли 2020 буд. (дар мақоми муқоиса, рушди шохиси cnp 500 бeрси Ню-Йорк танҳо 16 дарсад буд.) Давлати Эрон ҳимояти зиёдt аз рушдb бурс кард ва як дарсад аз захоири сандӯқи сарвати миллиро ба ин бозор тазриқ кард.

Акнун ҳудӯди 250 ҳазор милиоенр дар Эрон вуҷӯд дорад. Бахши дигаре аз ин милионерҳо сарвати худро монанди дигар нуқоти ҷаҳон аз арзҳои диҷиталӣ ба даст овардаанд. Ба навиштаи ин нашрия, давлати Эрон тасҳилоте барои истихроҷи арзҳои диҷиталӣ фароҳам карда, ки ин фаъолиятро барои бисёре сӯдовар кардааст.

Эрон дар ҳавзаи тавлиди илм низ пешрафтҳои шоёне доштааст ва аз ҷумлаи онҳо дар илми нано аст, ки муҳаққиқони эронӣ бо интишори беш аз 12 ҳазор мақола дар маҳаллоти муътабар намояшуда дар ISI дар соли 2020 , рутбаи чаҳоруми Ҷумҳурии Исломии Эрон дар донишнаноро и дар дунё тасбит карданд.

Саидрӯҳуллоҳ Латифӣ, сухангӯи гумруки Эрон низ пештар эълом кард, бо вуҷӯди шиддат гирифтани таҳримҳои золимонаи низомсулта ва маҳдӯдиятҳои ношӣ аз ҳамагирии корона, дар соли гузашта, Эрон ба беш аз 143 кишвари ҷаҳон ба арзиши 34 милиарду 998 миллион доллар содирот доштааст.