Дар ҷаласаи муштараки раиси ҷумҳурии мунтахаб бо руқабои интихоботӣ чӣ гузашт?
(last modified Thu, 01 Jul 2021 04:32:27 GMT )
Июл 01, 2021 09:32 Asia/Dushanbe

Раиси Ҷумҳурии мунтахаби Эрон бо шаш рақиби интихоботии худ дидоре самимона дошт,дидоре аз ҷинси ҳамдилӣ барои рафъи мушкилоти мардум, дидоре, ки ба даъвати раисҷумҳурии мунтахаб баргузор шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, шаш номзади интихоботи сездаҳумин давраи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар ин дидор бори дигар бо мурури барномаҳои худ дар ҷараёни рақобатҳои интихобот ба ҳамроҳии худ бо раисҷумҳури мунтахаб таъкид карданд.