Фоидаи шигифтангези нӯшидани оби гарм дар аввали субҳ
Ҳангоми субҳ бедор шудан аксарияти мо одати муайян дорем; аз ҷумла нӯшидани қаҳва, чой ва оби хунук. Аммо, исбот шудааст, ки нӯшидани оби гарм субҳи барвақт барои саломатӣ фоидаи аҷибе дорад.
Тибқи гузориши Садои Хуросон, истеъмоли оби гарм дар меъдаи холӣ ба рӯдаи меъда таъсири бевосита мерасонад ва системаи масуниятро тақвият медиҳад ва заҳрҳоро аз бадан хориҷ мекунад.
Ба гуфтаи мутахассисон, нӯшидани як стакан оби гарм субҳи барвақт фаъолияти радикалҳои озод дар баданро коҳиш медиҳад ва шуморо аз бемориҳои мухталиф муҳофизат мекунад.
Беҳтар кардани ҳозима, пешгирии қабз, рафъи дарди ҳаррӯза, аз даст додани вазн, беҳтар кардани гардиши хун ва кам кардани илтиҳоб манфиатҳои дигари нӯшидани оби гарм аз субҳи барвақт мебошанд.
Бештар бихонед: