Июл 04, 2021 09:33 Asia/Dushanbe
  • Таҳвили 50 миллион дозаи ваксинаи « Кув Эрон баракат » то поёни шаҳривар

Раиси Ситоди иҷрои фармони ҳазрати Имом Хумайнӣ ( раҳ ) аз таҳвили 50 миллион дозаи ваксинаи « Кув Эрон баракат » хабар дод .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Муҳаммади Мухбир-раиси Ситоди иҷрои фармони Имом Хумайнӣ ( раҳ ) аз таҳвили 50 миллион дозаи ваксинаи « Кув Эрон баракат »  то поёни шаҳривармоҳ(сентябр) хабар дод ва гуфт : То кунун 2 миллиону 700 ҳазор дозаи ваксинаи « Кув Эрон баракат » тавлид шудааст .
Мухбир афзуд : Боқимонда дозаҳои ваксинаи « Кув Эрон баракат »  дар ҳоли гузарондани озмоишҳо ва марҳилаи холиссозӣ ҳастанд .
Алиризо Раисӣ-сухангӯии Ситоди миллии муқобила бо коронаи Эрон низ гуфт : Аз шаҳривармоҳ то поёни сол метавонем танҳо бо ваксинаҳои эронии корона, тамоми гурӯҳҳои ҳадафро алайҳи корона ваксина кунем .

Бинобари эъломи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон  ваксиносияи умумии корона дар Эрон то поёни соли ҷории 1400 шамсӣ ба поён мерасад .

 

Барчасп