Конференсияи ҳуқуқи башари амрикоӣ; фурсате барои ифшои ҷиноятҳои Амрико
Ҳуқуқи башар аз ҷумлаи асоситарин ҳуқуқе аст, ки инсон ба сурати фитрӣ ва зотӣ бояд аз он баҳраманд шавад, аммо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки худро парчамдонад яке аз бузургтарин ноқизони ин ҳуқуқ аст.
Бахше аз ин воқеиятҳо дар сеюмин конфаронси байналмилалии ҳуқуқи башари амрикоӣ, ки шомгоҳи шанбе дар Қум ба кори худ поён дод; ба баҳс гузошта шуд. Дар ин конфаронси якрӯза; асотид, нухбагон ва академикҳо зимни шарҳ додани ҷиноятҳо ва ваҳшигариҳои Амрико дар тӯли таърих, роҳҳои расидан ба тамаддуни нави исломиро баррасӣ карданд, аммо фош кардани ҷиноятҳои амрикоиҳо дар саросари ҷаҳон дар чист?
«Муҳсини Покойин» намояндаи дафтари ҳифз ва нашри осори мақоми муъаззами раҳбарӣ дар ин замина бо баёни ин ки ифшои ҷиноёти амрикоиҳо бо таназзули ин кишвар иртиботи мустақим дорад, хотирнишон кард; мутолибаи Раҳбари муъаззами инқилоб дар ростои тавваҷӯҳ ба ҷиноёти Амрико дар ҳафтаи ҳуқуқи башари амрикоӣ, як амри таблиғотӣ ва мақтаъӣ набуда ва як ҳадафи роҳбарии низом аст.
Вай хотирнишон кард; имрӯз Амрико мақбулияти худро дар ҷаҳон аз даст дода ва талош мекунад чеҳраи худро муваҷҷаҳ нишон диҳад ва барои таҳаққуқи ин ҳадаф, бояд афкори умумиро бо худ ҳамроҳ кунад. Бинобарин агар нақши муассири Амрико дар нақзи ҳуқуқи башар дар саросари ҷаҳон ифшо шавад, онҳо мақбулияти худро дар назди афкори умумӣ аз даст хоҳанд дод.
Куштори занону кӯдакон дар Ироқ ва Афғонистон ва ноамн кардани минтақа бо ташкилу ҳимоят аз гурӯҳакҳои террористӣ монанди ал-Қоида ва ДИИШ, ҳимоят аз мунофиқин ва террорҳои онон, ҳамла ба ҳавопаймои мусофирбарии Эрон ва фароҳам кардани заминаи дастрасии режими Саддом ба силоҳи кимиёвӣ; бахше аз ҷиноётест, ки Амрико алайҳи башарият анҷом додааст.
Амрико бештарин нақшро дар наслкушии инсонҳо ва ҷиноёти ҷангӣ доштааст. Дар воқеъ он чӣ давлатмардони Амрико онро ҳуқуқи башар меноманд чизе ҷуз ҷиноятҳои низомӣ ва диплумотӣ нест. Ҳамла ба кишварҳои мухталиф, аз ҷумла Сурия, Афғонистон ва Ироқ ва куштори мардум, тероризми иқтисодӣ ва таҳримҳои ҳаддиаксарӣ алайҳи бисёре аз кишварҳо, аз ҷумла Эрон гӯшае аз ҷиноёти Амрикост.
Имрӯза террористҳои шинохташуда, зери чатри ҳимояти Амрико ва бархе кишварҳои аврупоӣ ҳастанд ва ба ҷои муҳокима шудан, бо барчасбҳои сохтагӣ ба унвони фаъол ва мухолифи сиёсӣ ба дунё муаррифӣ мешаванд.
Корномаи иқдомоти зиддибашарии Амрикоро метавон дар ҷиноёти мустақим монанди бомбаборони атомии Ҳирошима ва Нагасакии Ҷопон, ҳамла ба Афғонистон ва Ироқ ҳимоят аз режими ҷинояткори Исроил ва фурӯши силоҳ ба Арабистон барои куштори занону кӯдакони яманӣ ва саркўбҳои хунини мӯътаризон ба табъиз ва беадолатӣ дар низоми сармоядории Амрико, ироа кард.
Воқеият ин аст ки қудрат ба мафҳуми таҳмили зӯр бар миллатҳои дигар; муҳимтарин фалсафаи вуҷудии низоми султаҷӯи Амрикост. Амрико бо ин тафаккур, нерӯҳои террористи худро ба дигари кишварҳо фиристодааст, ки натиҷаашро дар Ироқу Афғонистон метавон мушоҳида ва дар бораи он қазоват кард. Таҷрибаи чанд даҳаи ахир нишон медиҳад, ки яке аз аҳдофи ҳузури мудохилаҷӯёнаи Амрико дар минтақа ташдиди ҷараёни исломситезӣ ва камранг нишон додани арзишҳои инсонӣ ва иҷтимои наҳуфта дар андешаҳои исломи асил аст.
Бо тавваҷӯҳ ба ин воқеиятҳо, табйин ва тарвиҷи андешаҳои тамаддунсози ислом аз як сӯ ва ифшои моҳияти воқеии ҳуқуқи башарии низоми либероли демократии Ғарб, ду муаллафаи муҳим ва калидист, ки дар шиносондани шохисҳои ҳуқуқи башар аҳамияте стратегӣ дорад. Аз ин дидгоҳ, баргузории чунин конфаронсҳое бо нигоҳи илмӣ ва тахассусӣ, заминасози рушд ва эътилои ҳуқуқи башар ва дар айни ҳол фурсате барои нухбагон ва соҳибони андеша ба манзури баёни ҳақоиқ ва тарҳи дидгоҳҳои мутараққии ислом ҷиҳат дар муқобила бо якҷонибагароии Амрикост.
Ҳарчанд; он гуна ки "Сайид Содиқ Аш-Шарафӣ", фаъоли сиёсии Яман дар ин конфаронс баён кард: сӯҳбат дар бора Амрико ва ҳуқуқи башар дар дақоиқи кӯтоҳ имконпазир нест.
Бештар бихонед: