Июл 14, 2016 12:12 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Эрон бо иззат дар бораи масоили ҳастаӣ музокира кард

Вазири умури хориҷаи Эрон гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрон бо иззат дар бораи масоили ҳастаӣ бо гурӯҳи 5+1 музокира кардааст.

Муҳаммадҷаводи Зариф рӯзи чаҳоршанбе дар гуфтугӯ бо хабаргузории Форс бо баёни ин ки Эрон ба рафторҳои Амрико пас аз иҷро шудани БАРҶОМ интиқод дорад ва бо сароҳат интиқодҳои худро баён кардааст, афзуд, тамоми кишварҳои ҷаҳон муътақиданд, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон дар музокироти ҳастаӣ тавонист ҳуқуқи худро тасбит кунад ва ба қатъномаи Шӯрои амнияти Созмони милал ва таҳримҳои золимона поён диҳад.

Зариф дар хусӯси дастовардҳои БАРҶОМ низ гуфт, БАРҶОМ натиҷаи тавофуқ ва музокироти тараф мухталиф буд, ки дарбаргирандаи ҳамаи мавозеъи як тараф нест ва шомили мавозеъи ҳамаи тарафҳо аст.

Барчасп