Июл 05, 2021 16:38 Asia/Dushanbe
  • Ғарб дар мувоҷиҳа бо корона иштибоҳоти бузурге муртакиб шудааст

Иқтисоддони барандаи ҷоизаи Нобел гуфт: Кумак накардан ба ваксинакунии корона дар кишварҳои фақир иштибоҳе бисёр бузург аст, ки кишварҳои сарватманди ғарбӣ муртакиби он шудаанд.

Эстер Дофлю, иқтисоддони фаронсавӣ-амрикоӣ дар як нишасти иқтисодӣ дар ҷануби Фаронса бо ишора ба инки кишварҳои ғанӣ чанд фурсатро барои бурунрафт аз ҳамагирии ҷаҳонии Ковид-19 аз даст додаанд, тасреҳ кард: Яке аз иштибоҳоти бузурги қудратҳои ғарбӣ, надодани имкон ба кишварҳои фақир барои ваксина кардани мардумашон аст.

Вай ҳамчунин бо ишора ба Конфронси ҷаҳонии обу ҳаво, ки қарор аст, дар поизи оянда дар Глазго баргузор шавад, ин пурсишро матраҳ кард, ки дар ин вазъият, чигуна метавон тасаввур кард, ки кишварҳои ҷаҳон қодир бошанд, дар мувоҷиҳа бо буҳрони гармоиши замин бо якдигар ҳамкорӣ кунанд?

Эстер Дофлю, ки 48 сол дорад ва ҷоизаи Нобел иқтисодии 2019-ро ҳамроҳ бо ҳамсараш баранда шудааст, афзуд: Дар оғози буҳрони шуюи корона, кишварҳои ғарбӣ тасмим гирифтанд, ки ваксинаҳои Файзер ва Модерноро ҳатто қабл аз тайиди қатъии ниҳодҳои давлатӣ ба марҳалаи тавлиди анбуҳ бирасонанд, аммо дар марҳалаи баъдӣ хатои ҷуброннопазир муртакиб шуданд ва тавлиди анбӯҳро бисёр маҳдуд карданд ва амалан фақат ба ниёзҳои дохилии худ посух доданд. Натиҷа онки токунун фақат як дарсад аз ҷамъияти кишварҳои фақир, он ҳам фақат бо як тазриқ ваксина шудаанд.

Бештар бихонед:

Риоят накардани шеваномаҳои беҳдоштӣ далели аслии шуюъи дубораи корона дар Тоҷикистон

5 ваксинаи эронӣ дар феҳристи номзадҳои ваксинаи Ковид -19 –и Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт

Таҳвили 50 миллион дозаи ваксинаи « Кув Эрон баракат » то поёни шаҳривар