Иттихози иқдомоти кӯтоҳмуддат барои ҳалли мушкилоти барқ дар Эрон
(last modified Wed, 07 Jul 2021 10:00:45 GMT )
Июл 07, 2021 15:00 Asia/Dushanbe
  • Иттихози иқдомоти кӯтоҳмуддат барои ҳалли мушкилоти барқ дар Эрон

Раиси Комиссияи энержии Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон таъкид кард, иттихози иқдомоти кӯтоҳмуддат мушкилоти барқро ба ҳаддиақал мерасонад.

Фаридуни Ҳасанванд, раиси Комиссияи энержии Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар посух ба суоли хабарнигори хабаргузории Эрон Пресс гуфт: Вазорати нафт ва петрошимиҳо дорои нерӯгоҳҳои барқ ҳастанд, ки ин зарфият бояд ба таври комил дар ихтиёри вазорати нерӯ бошад.

Ҳасанванд афзуд: Дар нишасти вижаи Комиссияи энержии маҷлис иқдомоти кӯтоҳмуддат, миёнмуддат ва баландмуддат барои ҳалли мушкили қатъии мукаррари барқ баррасӣ шуд ва дар кӯтоҳмуддат, зарфиятҳое вуҷуд дорад ва метавонад ба кумаки санъати барқ биёяд.

Вай ҳамчунин гуфт: Тавлиди бахши хусусӣ дар заминаи энержии таҷдиднопазир ҳам зарфияти дигарест, ки ҳаддиақал акнун 300 мегаватт омодааст, ки бо инъиқоди қарордод бо вазорати нерӯ метавонад вориди шабакаи аслии барқ шавад.