Идомаи ҳамкории Эрон ва Куба барои тавлиди ваксинаи корона
-
Раиси Институтии Пастери Эрон эълом кард, ки ҳамкориҳои Эрону Куба барои тавлиди ваксинаҳои корона идома дорад.
Раиси Институтии Пастери Эрон эълом кард, ки ҳамкориҳои Эрону Куба барои тавлиди ваксинаҳои корона идома дорад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон , "Алиризо Биглерӣ", раиси Институтии Пастери Эрон, гуфт: "Раванди тавлиди муштараки ваксинаи корона бо институти "Фиелда Куба" бомуваффақият идома дорад ва мо метавонем аз моҳи октябр бо иқтидори моҳона ба тавлиди оммавии саноатӣ бирасем.
Биглерӣ афзуд: Қарордоди тавлиди муштараки ваксинаи корона бо Куба бар ҳасби қарордодҳои ҳамкории қаблӣ мунъақид шудааст ва ҷаласоти муназзам барои ҳамоҳангӣ бо якдигар дорем у ҳамкориҳо ба хубӣ пеш меравад.
Раиси Институти Пастори Эрон ҳамчунин гуфт: Ин ваксина корозмоии клиникии марҳалаи сеюмро ҳам дар Эрон ва ҳам дар Куба пушти сар гузоштааст ва кори тавлид бо таҳвили банки селлулии эронӣ пешрафти хубе доштааст.
Ба гуфтаи Биглерӣ: Нахустин маҳмулаи тавлидии ин ваксина омодаи таҳвил ба Вазорати беҳдошт дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аст ва ин ваксинаҳо яке аз ваксинаҳои муассир дар дунё ҳастанд.
Бештар бихонед: