Баргузории дувумин рӯзи гуфтугӯҳои байнулафғонӣ дар Теҳрон
Дувумин рӯзи гуфтугӯҳои байнулафғонӣ дар маҳали дафтари мутолиъоти Вазорати хориҷаи Эрон дар Теҳрон баргузор шуд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон Сайидрасули Мусавӣ-мудири кулли ғарби Осиёи Вазорати умӯри хориҷаи Эрон дар сафҳаи тветтири худ навишт : Дафтари мутолиъоти сиёсӣ ва байналмиллалии вазорати хориҷа ҳамвора маҳали гуфтугуҳои бисёр муҳими сиёсӣ будааст . Мусавӣ афзуд : Имрӯз панҷшанбе низ дувумин рӯзи гуфтугӯҳои байнулафғонӣ дар маҳали дафтари мутолиъоти вазорати хориҷа шурӯъ шуд .
Иҷлоси гуфтугӯҳои байни гурӯҳҳои мухталифи афғон бо ҳузури намояндагони давлати Афғонистон шахсиятҳои олии ҷумҳӯрият ва ҳайати олии сиёсии Толибон рӯзи гузашта ( чаҳоршанбе ) ба мизбонии Ҷумҳӯрии исломии Эрон дар Теҳрон баргузор шуд .
Муҳаммадҷаводи Зариф-вазири умӯри хориҷаи Эрон дар ин нишаст бо ишора ба шикасти Амрико дар Афғонистон ва ҳузури беш аз ду даҳа дар ин кишвар, ки мӯҷиби харобиҳои бисёре шудааст, гуфт : Имрӯз мардум ва раҳбарони сиёсии Афғонистон бояд барои ояндаи кишварашон тасмимоти душвор бигиранд.
Бештар бихонед :
- Сафири Афғонистон: Эрон, хонаи дувуми мардуми Афғонистон аст
-
Вазири роҳи Афғонистон: Талоши се кишвари Эрон, Афғонистон ва Ҳинд дар Чобаҳор ба бор нишаст