Қиссаи осмон; филми кӯтоҳе, ки пурбоздид шуд
Филми кӯтоҳи "Наба ас-Сама" (Қиссаи осмон), ки имрӯзҳо дар фазои маҷозӣ паҳн мешавад ва аз ҷониби кинематографистон аз нигоҳи техникаи истеҳсолот баррасӣ шудааст, аз ҷониби Аббоси Юсуфӣ, коргардони ҷавони эронӣ-кувайтӣ таҳия шудааст.
Ба гузориши Садои Хуросон, ин филми кӯтоҳ бар асоси зиндагии ҳазрати Алӣ ( а ) сохта шудааст, ки ба таври гузаро ва дар муддати се дақиқа моҷарои валодат то моҷарои ғадир ( вилояти эшон )-ро бо саҳнаҳои бисёр ҷаззоб ривоят мекунад.
Сохти ин филм ба забони арабӣ боис шудааст, то аз шабакаҳои мухталифи телевизиюнии кишварҳои ҳавзаи халиҷи Форс ба сурати густарда ба намоиш дарояд.
Аббоси Юсуфӣ дар соли 1986 аз падару модари эронӣ дар Димишқ мутаваллид шуда ва дар Кувайт ва сойири кишварҳои ҳавзаи халиҷи Форс зиндагӣ кардааст.
Ӯ ба унвони коргардон ва таҳиякунандаи мустақил бо бархе шабакаҳои телевизиюнии Кувайт, аз ҷумла шабакаи «Ал-Раъй » ва « Ал-Ватан » дар тавлиди сериёлҳои телевизиюнӣ, музики видеоҳои мазҳабӣ ва филмҳои таблиғотӣ ҳамкорӣ доштааст. Сериали «Баъду Ниҳоя» яке аз сериалҳои достонии ин коргардон аст ки аз телевизиони Кувайт пахшу мавриди истиқболи дигари кишварҳои арабизабон низ қарор гирифт.
Бештар бихонед: