Июл 13, 2021 17:00 Asia/Dushanbe
  • Генерал Саломӣ: Тавтеаҳои душман мӯҷиби истеҳкоми низоми Ҷумҳурии Исломии Эрон шудааст

Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ гуфт, тавтеаҳои душман тайи ин чаҳор даҳа мӯҷиби истеҳком ва қавоми низоми муқаддаси Ҷумҳурии исломӣ шудааст.

Генерал Ҳусайни Саломӣ, фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ дар нишасти фармондеҳони сипоҳҳои устонӣ, ки дар Ситоди фармондеҳии кулли сипоҳ баргузор шуд, уммати улгӯ ва намунаро уммате тавсиф кард, ки метавонад бар асоси арзишҳои динӣ ва ахлоқӣ, ҷомеъаи модерн, пешрафта, мустақил, амн ва эман бисозад ва тасреҳ кард, ҳадафи душман ҷилавгирӣ аз таксири насли Инқилоби Исломӣ аст.

Генерал Саломӣ бо баёни инки чолишҳо ва мавонее, ки душман баробари низоми исломии мо қарор додааст дар баробари ҳар низоме дар олам мегузошт онро фурӯ мерехт, гуфт, тавтеаҳои душман тайи ин чаҳор даҳа мӯҷиби истеҳкому қавоми низоми муқаддаси Ҷумҳурии исломӣ шудааст ва ҳарчӣ душман ҳамовардӣ мекунад, устухонҳои ин низом ва ҷомеъа қавитар мешавад.

Бештар бихонед:

Барчасп