Муваффақияти пажӯҳишгарони эронӣ дар рӯнамоӣ аз ваксинаҳои мухталиф
Муовини илмӣ ва фанноварии раиси ҷумҳурии Эрон гуфт, пажӯҳишгарони эронӣ дар рӯнамоӣ аз ваксинҳои мухталиф муваффақ амал карданд.
Сурено Сатторӣ гуфт: Чанд ваксинаи сохти пажӯҳишгарони эронӣ, ки дар пажӯҳишкадаҳои хусусии дохилӣ тавлид шуда, то поёни сол (1400) рӯнамоӣ мешавад.
Сатторӣ афзуд: Яке аз пажӯҳишкадаҳои дохилӣ дар Эрон низ муваффақ ба тавлиди ваксинаи онфулонзо шуда ва то поёни сол низ чанд ваксинаи дигарро тавлид хоҳад кард.
Муовини илмӣ ва фанноварии раиси ҷумҳурии Эрон ҳамчунин гуфт: Сармоягузории бахши хусусӣ дар ҳавзаи фанноварӣ метавонад заминаи тиҷорисозии идеяҳоро суръат бахшидаву муҷиби шукӯфоии иқтисодӣ шавад.
Бо вуҷуди таҳримҳову коршиканиҳои давлати Амрико, мутахассисону донишмандони эронӣ муваффақ ба тавлид ва сохти чанд навъ ваксина барои муқобила бо вируси корона шуданд, ки бо таҳсини ҷомеаи илмии ҷаҳонӣ мувоҷеҳ шудааст.
Бештар бихонед:
- 5 ваксинаи эронӣ дар феҳристи номзадҳои ваксинаи Ковид - 19 СҶТ
- Тақсими 10 миллион доза ваксинаи корона дар Эрон